Китоби нав. Бону Шокирова: “Эй дилат оина”

Бону ШокироваКитоби  Бону Шокирова «Эй дилат оина» соли 2023 дар нашриёти “Истеъдод” аз чоп баромада акнун ба Китобхонаи миллӣ туҳфа гардидааст. Дар маҷмуаи мазкур ғазалу чоҳорпора, анвои гуногуни шеърӣ аз қабили маснавӣ, таркиббанд, китъа ва дубайтиҳо мунташир шудаанд.

Мардуми тоҷик аз азал шеърдӯсту эҷодгару суханвар будааст. Тифли тоҷик аз замони зода шудан бо суруди ҷонбахши модар ба воя мерасаду дар як гӯшаи дилаш ин ҳисси эҷодгариро маҳфуз медорад. Гоҳе мешавад, бештарини ин мардум, ки қасдашон шоирӣ набудааст, дар бархӯрд бо сахтиҳои рӯзгор дарди худро дар қолаби шеър аз сина берун мерезанд. Ай басо шеърҳое аз ин мардумон эҷод шуда, ки ҷое мунташир нагардида, гуму нопайдо шудаанд. Эҷодиёти даҳонии халқ ки поро – пора то замони мо омадааст, нишони ҳамин эҷодгарии мардумони миллати тоҷик будааст, ки шояд аз сад ду фисадашро мо имрӯз ба сурати киоб дар даст дорему халос.

Дар миёни мардум касоне арзи ҳастӣ мекунанд, ки дар вуҷудашон ҷараққае аз шоирӣ доранд. Ишон касоне ҳастанд, ки агар домани шеъру шоириро муҳкам доштанд, ҳатман муваффақ гардидаанд. Бону Шокирова аз касонест, ки бо ихлос ва ба муҳаббати бепоён шеърро дунбол кардааст ва дар ин ҷодаи пуршебу фароз то тавонистааст бардоштҳои худро аз зиндагӣ ба рӯи коғаз овардааст. Шеъри ӯ бардошта аз зиндагии худи ӯст, ки бо андак таҳрир ҳаққи интишорро барои хонандагон дорад.

Агарчи ноҷуриҳое аз мантиқу таносуб ва сактаи вазн дар ашъори ӯ дида мешавад, ҷойи айб ҷустан аз онҳо нест. Чун ӯ дар ин роҳ азме қавӣ дорад ва пайваста аз пайи ислоҳи худ аст.

Бону бешак майл ба гуфтани ғазалу ҷаҳорпора ва маснавиву дубайтӣ дорад. Ин қолабҳоро, ки аз дер боз бо зеҳни мардуми шеърдӯсти тоҷик ошноӣ доранд, ҳар шоире моили табъи худ медонад. Барои Бону қолаб муҳим нест, муҳим он аст, ки ӯ тавониста бардошти худро аз зиндагӣ, аз муҳит дар ин чаҳорчӯб, ки бо маънии васеъ шеър хонда мешавад, бирезад. Аз ин рӯ, дар навиштаҳои ӯ намешавад аз куҳнагии қолаб гуфту дунболи анвои нави шеърӣ гашт. Ҳамчунон аз нигоҳи мавзуъ ашъори ӯ фароху густурда аст, муҳимтарин ҷузъиёти зиндагиро ба риштаи тасвир мекашад. Мавзуъҳои дунболкардаи ӯ тасвири муҳимтарин ҷузъиёти зиндагии рӯзмарраи инсонҳост, ки барои хонандаи имрӯз ошно менамоянд.

Ин иқтибосро аз сарсухани шоири шинохта Хайрандеш ба китоби Бону Шокирова  “Эй дилат оина” овардем.

Каасоне, ки хоҳиш доранд, метавонанд ин китобро дар Китобхонаи милли мутолеа кунанд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.