Китоби нав. Бузургмеҳри Баҳодур: “Тоҷик будан дар ин саро душвор аст”
Китоби дигари шоири ҷавони тоҷик Бузургмеҳри Баҳодур бо номи “Тоҷик будан дар ин саро душвор аст” бо сарсухани Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона аз чоп баромад. Ин китоб бештар аз ҳувияти миллӣ, худшиносӣ ва худсозии тоҷикон мегўяд. Ҳамчуноне аз номаш ҳам пайдост, муаллиф рисолат ва асолати тоҷик буданро аз таърих меҷўяд ва садҳо далел меорад, ки тоҷик будан осон нест. Ин аст, ки бахши бузурги китоб дар меҳвари Меҳан, худогоҳӣ ва таъриху тамаддун мечархад.
Номвожаи «Тоҷик» ҳамчун ҳамвазни Ориёӣ аз қаламрави Тоҷикистон фаротар рафта, ба сарнавишти ибратбахш, гуногунпаҳлў ва пурмоҷарои тоҷикони Афғонистон (Хуросон), Ўзбекистон, Ҳиндустону Покистон, Чин ва… гиреҳ мехўрад.
Имрўзҳо, ки ояндаи тоҷикони дунё зери суол аст, ашъори Бузургмеҳри Баҳодур бонги изтироб мезанад, то риштаҳои пайванд ҷўем, бавижа пайванҳои фарҳангӣ.
Китоб аз бахшҳои “Дар меҳроби кӯҳҳо”, “Модар ҳамеша хубӣ!”, “Шабчароғ” (рубоиҳо), “Бунафшарез” (дубайтиҳо), “Чормағз”, “Сетор” иборат аст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР 9 июни соли 1992 дар деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштич (дар гузашта Ғончӣ) ба дунё омад. Соли 2010 ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи устод Сотим Улуғзода дохил шуд. Маълумоти ихтисосии суханшинос (филолог)-и тоҷикро дорад.
Дар солҳои 2014-2016 дар Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) дар зинаи магистратура таҳсилро ба поён овард.
Фаъолияти кориро дар моҳномаи «Истиқбол» зери роҳбарии Латофат Кенҷаева оғоз бахшида, соли 2015 бо даъвати Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ба Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рўзномаи «Ҷумҳурият» ба кор омад ва ҳоло сардори Маркази кор бо шабакаҳои иҷтимоии идораи мазкур аст.
Соли 2016 нахустин маҷмуаи шеъраш таҳти унвони «Ҳамболи турнаҳо» ва соли 2019 китоби дувумаш – «Баҳор овардан осон нест» дар нашриёти «Истиқбол» нашр гардиданд. Соли 2020 маҷмўаи шеърии “Соғари садо”–и ўро нашриёти “Адиб” аз чоп баровард. Соли 2022 китоби “Тўмор”-и муаллиф интишор ёфт. Маҷмуаи шеърҳои панҷ соли охири Бузургмеҳр бо номи “Тоҷик будан дар ин саро душвор аст” ба наздикӣ дастраси хонандагон шуд.
Ҳамзамон, дар таҳияи китобҳои “Деваштич”, “Нома ба Панҷшер”, “Машъалафрўзи маърифат” ва “Оҳи оҳанг” ҳамчун муҳаррир, фароҳамсоз ва муаллиф саҳм дорад.
Аз соли 2017 аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Намунаи шеърҳояш бо забонҳои англисӣ (дар китоби “25 дарахти сабз”), русӣ, чинӣ ва ўзбекӣ (дар китобҳои “Тенгдошлар” ва “Марҳабо, ёруғлик” (2021) тарҷума шуда, интишор ёфтаанд. Соли 2018 бо Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт қадр гардид.
Ҳамчунин, аз соли 2017 Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва аз соли 2019 Аълочии фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Соли 2022 матлабҳои ба мактабу маориф бахшидаи ў дар матбуоти даврӣ бо нишони сарисинагии “Аълочии ифтихории маориф ва илми Тоҷикистон” қадр гардид.
Китоби “Тоҷик будан дар ин саро душвор аст”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.