Китоби нав дар бораи Дамирбек Олимов
Ин китоб, ки «Оҳи оҳанг» ном дорад, имрўз ба Китобхонаи миллӣ тақдим шуд. Фароҳамсозони он Бузургмеҳри Баҳодур ва Зулфия Муҳаммадиева буда, бо сарсухани Бузургмеҳри Баҳодур оғоз шудааст.
Ба гуфтаи таҳиякунандагони китоб “Оҳи оҳанг” ном гирифтани он бо хотири саршори оҳи дили мардум будан аст. Оҳ, яъне дуо, ниёиш ва сўзу гудози бепоёни халқ.
Маҷмуа хотирот, мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва сўгномаҳои маъруфтарин шоирону нависандагон, шахсиятҳои номвар ва журналистони номошно то ҷавонтарин хомакашонро дар бораи сарояндаи маъруф Дамирбек Олимов дар бар мегирад.
Қисмати аввали китоб мақолаву хотираҳои аҳли назар аст, қисматҳои баъдӣ мусоҳибаҳои журналистон бо ин ҳунарпешаи ҷавонмаргро ба ҳам овардааст. Шеъру тарона ва марсияҳои аҳли қалам аз марги ногаҳониву ҷонсўзи Дамирбек бахши дигари китоб мебошад.
Муҳаммадуллоҳи Табарӣ,академики академияи санъатшиносии Осиёи Марказӣ, Хуршеди Атовулло, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Фараж”, Орзу Исо, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Амина Шарофиддинова,фаъоли фарҳангӣ аз шаҳри Самарқанд, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Толиб Карими Озарахш
Шоири халқии Тоҷикистон андешаҳояшонро аз доир ба ҳунарманди ғуррамарг иброз намудаанд.
Озарахш, Шоири халқии Тоҷикистон дар сӯги Дамирбек Олимов гуфтааст:
Дигар ба базми ҳаводорон Дамирбек намеояд,
Ба рўи саҳнаи гулборон Дамирбек намеояд.
Ҷўрабек Муродов, Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шуравӣ навиштааст, ки Дамирбек на танҳо инсони хоксору самимӣ, балки овозхони боистеъдод, фитрӣ ва олиҷаноб буд.
Китоби “Оҳи оҳанг”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Раҳима АЗАМ, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.