Китоби нав дар бораи тундгароии динӣ дар мисоли таҷрибаҳои Тоҷикистон

Муаллифи монографияи “Тундгароии динӣ ва паҳншавии он дар шароити тағйирпазирии ҷомеа”, ки тибқи таҷрибаи Тоҷикистон таҳия шудааст,  Хоҷаев Ҳикматулло Ҳимматович мебошад. Китоб соли 2022 дар шаҳри Душанбе нашр гардидааст.

Дар монографияи мазкур хусусиятҳои муҳимми тундгароии динӣ таҳлилу баррасӣ гардида, сабабҳои паҳншавии он дар шароити тағйирпазирии ҷомеа муайян карда шудаанд. Дар ин замина зуҳури тундгароии динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсири он ба муҳити ҷавонон низ таҳқиқ гардидаанд. Инчунин ташаккули маданияти ҳуқуқӣ – сиёсии ҷавонони Тоҷикистон дар давраи ҷаҳонишавӣ, масоили паҳншавии идеяҳои тундгароии динӣ ва ифротгароӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон, муқовимат бо тундгароии динӣ ва роҳу воситаҳои безарар гардонидани он таҳлилу баррасӣ шудаанд.

Дар сарсухан аз ҷумла омадааст, ки дар асри XXI тундгароии динӣ ба яке аз масъалаҳои ҳалталаби замони муосир табдил ёфта, баррасӣ ва ҷустуҷўи роҳу воситаҳои паст намудани шиддати иртиҷоии он дар сиёсати хориҷӣ ва робитаҳои байналмилалӣ мавқеи намоёнро ишғол намудааст. Тундгароии динӣ – яке аз ҷиддитарин таҳдид ба тамаддуни муосир буда, бештар аз ҳама ба субот ва рушди мусолиҳатомези ҷомеаи башарӣ хатар дорад. Тундгароии динӣ маъмулан дар шакли амали ифротии тахрибии иҷтимоӣ зоҳир шуда, ба амнияти давлат ва рушди босуботи ҷомеа таъсир мерасонад.

Тундгароии динӣ бо тахриби бевоситаи объектҳо ва арзишҳои иҷтимоӣ, бо қатлу куштор ва террор, ки барои тундгароҳо шакли асосии амалисозии барномаи идеологиашон мебошад, алоқаманд аст. Таъсири идеологияи тундгароии динӣ боиси таҳрифи ҷаҳонбинии шахс ва нуқси ҷиддии равонии ў мегардад. Тундгароии динӣ гурўҳи калони одамонро ба доми худ андохта, ба афкор, ҷаҳонбинӣ ва шуури онҳо таъсир расонида, онҳоро ба гурўҳҳои хушунатомез ва ифротӣ табдил медиҳад. Аксар вақт қолаби динӣ фақат чун як рўйпўши муносибе барои тундгароёни динӣ ва терроризми байналмилалӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои ғаразнок хидмат мекунад.

Алҳол тундгароии динӣ ва муқобилат ба он ҳам барои давлатҳои алоҳида ва ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ яке аз муҳимтарин проблема мебошад. Миқёс ва ҷанбаи амалҳои террористии солҳои охир аз он шаҳодат медиҳанд, ки тундгароён ва террористон моҳият ва тарзи амали худро тағйир дода, ба як падидаи глобалӣ табдил ёфтаанд.

Мавзуна НАЗАРОВА