Китоби нав. «Диншиносӣ»
Китоби Фараҳрӯз Фақиров «Диншиносӣ» фарогири масъалаҳои мубрами диншиносӣ – таълимӣ буда, барои доираи васеъи хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорони фаннӣ тавсия шудааст. Китоб соли ҷорӣ дар нашриёти «Ашуриён» аз чоп баромадааст.
Дар пешгуфтори китоби мазкур М. Шарифова номзади илмҳои таърих навиштааст, ки дар илми диншиносӣ имрӯз масъалаҳое матраҳ мегарданд, ки омӯхтани онҳо тақозои замон мебошад. Аз ин рӯ, кафедраи фанҳои ҷомеашиносии донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт барои хубтар ба роҳ мондани омӯзиши фанни диншиносӣ дар донишкада кӯшиши бештаре ба харҷ медиҳад. Воситаи таълимии ба табъ расонидаи мудири кафедра Фараҳрӯз Фақиров иқдоми наҷибест дар ин роҳ, ки он тамоми мавзуъҳои барномавии фанни диншиносиро форогир мебошад.
«Диншиносӣ» ба маънои шинохти дин чун шинохт ба таври умумӣ хусусият, талаботу ҳадафҳои инсонро дар бар мегирад. Инсон аз давраи пайдоиш барои шинохти атрофи худ, табиаит, ҷамъият ва ҳастии худ дар талош аст, ки чунин муносибат муайянкунандаи табиати инсонриро ташкил медиҳад. Аммо дар нисбати дин, он пеш аз ҳама барои дарку фаҳми эътиқоди худаш равона шуда, пайваста бо мазмуну моҳияти маҷмӯи эътиқодоти худ, омилҳои он сарфаҳм рафта, дониши муайян дар бораи онҳо пайдо мекунад. Гузашта аз ин кӯшиш мекунад, ки бо эътиқодоти дигарон низ сарфаҳм равад ва доир ба дин ба таври куллӣ дониш ва маълумоти дуруст пайдо намояд.
Аз ин рӯ, нашр ва дастрас гардидани ин воситаи таълимӣ аз манфиат холӣ набуда, аҳмияти бештареро дорост. Бояд гуфт, ки воситаи таълимии мазкур масоили диншиносиро аз нуқтаи назари илмӣ фарогир буда, хонандаро водор месозад, ки бештар ба диншиносии илмӣ (фалсафаи дин) такя ва хурофотпарастии диниро дар худ роҳ надиҳад.
Хонандагон китоби «Диншиносӣ»-ро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд