Китоби нав: «Дӯстон. Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин”

Эмомалӣ Раҳмон ва Си ҶинпинМуаллифони ин китоб Муҳаммад Эгамзод ва Гэ Ҷили мегӯянд мадюни сарнавиштанд, ки ҳамзамони сиёсатмадорони варзидае чун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Ҷинпин мебошанд. Ва боз чи сиёсатмадороне: пешвоёни мардумӣ, заковатманд, башардӯст, ҳақталош, ғамхор, хоксор…

Ҳамоно ба ин боварем, ки навиштани китоб дар бораи ин ду шахсияте, ки ҷаҳониён эҳтирофашон мекунанд, кори осону содае нест. Вале барои худ шарафи бузург мешуморем агар заррае ҳам бошад муваффақ шавем.

Ҳангоми таълифи ин китоб, ки аслан рӯнамоии чераҳои ду шахсияти барӯманди арсаи сиёсати ҷаҳонӣ-Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин мебошад, чанд нуктаи муҳим возеҳу рушан гардид, ки бозгуйкунандаи умумиятҳои онҳост.

Ин ҳарду пешвоёни муаззами ду миллати дӯсту ҳамсоя, бо фарқияти ҳамагӣ як сол ҳамсоланд. Роҳбари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон соли 1952 ба дунё омада ва Раиси Си Ҷинпин соли 1953.

Ин ду нафар шахсияти маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла баргузидагони халқи худанд ва миёни мардумашон аз маҳбубияти хосе бархурдоранд.

Дар майдони сиёсат гомҳои бехато мезананд, комёб мешаванд, чун ҳамеша бо ҳалқанд бо мардум хешанду дар фикри ободонии диёри худ ҳастанд.

ДӯстонМуҳимтарин аз ҳама, ҳарду дар ҷомеаҳои кишвари худ ва дар арсаи байналмилалӣ соҳиби эҳтиром ва эътирофанд.

Қиссаи мо низ аз рӯзгор, ҳаёту фаъолият ва талошу дастовардҳои ин ду шахсияти фавқуллода беназир ва маъруф аст.

Ҳамчунин, мо назаре меафканем ва раванди муносибатҳои дӯстона, ҳамсоядории нек ва шарикии стратегии ҳамаҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардуми Ҷин, ки бидуни муҳобот, дар меҳвари чунин иртиботи наздик равобити дӯстона ва эътимоди боварибахши роҳбарони олимақоми ду кишвар аст. “Дипломати пешвоён”, ки ҳамчун маҳаки қутбинамои асосӣ дар равобити ду кишвар арзёбӣ мегардад, падидаи арзишмандест.

ДӯстонДар ин китоб муаллифон ҳеҷ гоҳ даъвои арзёбии фаъолияти роҳбарони олимақоми Тоҷикистону Чинро намекунанд. Ин танҳо нигоҳе ба равандҳои назарраси роҳбарии ду пешвои муаззами ду миллати бузургу қадимӣ ва давлатҳои дӯсту ҳамсоя-Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аст.

“Дӯстон” ном гирифтани китоб низ ба ҳамин маънист.

Китоби Муҳаммад Эгамзод ва  Гэ Ҷили “Дӯстон. Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин” ҳоло дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа аст. Китоб бо забонҳои тоҷикӣ ва чиноӣ соли гузашта бо сифати баланд ва хеле пурмуҳтаво чоп шудааст.

Таҳияи Масрура Мирзоҳасанова,
сармутахассиси Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.