Китоби нав. Эмомалӣ Раҳмон. “Модар мавҷуди муқаддас”
Китоби нави “Модар мавҷуди муқаддас”, ки ахиран дар нашриёти “Эр-граф” чоп шуд, фишурдаи суханрониҳои Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳо бо занону бонувони кишварро дар бар мегирад. Мураттиби китоб Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон аст.
Дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бонувони соҳибсаодати ҷумҳурии мо мақому манзалате касб намуданд, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон собиқа надорад. Агар зан сарчашмаи ҳаёти музаффар бошад, сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба бонувони миллат сарчашмаи шарофату наҷобати зан дар ҷомеаи имрўзаи мост. Ба туфайли дунявию демократӣ будани давлати мо нуфузу мартабаи бонувон дар мамлакатамон рўз то рўз меафзояд, занон ба мансабҳои олӣ интихоб ва таъйин мегарданд, фаъолияташон дар тамоми соҳаҳои ҳаёт бараъло эҳсос мешавад, онҳо дар рўйдодҳои муҳими сиёсиву иҷтимоии ҷамъият нақши калидӣ доранд.
Китоби мазкур маҷмўаи суханрониҳо ва паёмҳои Сарвари давлат мебошад, ки зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар баён доштаанд. Суханони пурҳикмати Пешвои муаззами миллат дилҳоро аз ифтихори ватандориву миллатдўстӣ саршор намуда, чеҳраи Зан – Модарро ҳамчун неруи бузурги бунёдкору созанда бо рангҳои тоза дар назари хонанда ҷилвагар месозад. Он ҳамчун василаи шинохти дуруст аз мақоми зан дар ҷомеаи имрўза ба доираи васеи хонандагон – олимон, пажўҳишгарон муаррихон, унвонҷўёну доништалабон пешниҳод мегардад.
Таҳияи Мавзуна Назарова, Сармутахассиси Маркази такмили ихтисос.