Китоби нав: “Фиристода бояд, ки доно бувад…”

ФиристодаМаҷмӯаи мақолаҳо, ёддоштҳо ва табрикоти дӯстон, ҳамкорон ва азизон ба ифтихори 70- умин солгарди умри бобаракати дипломати маъруфти тоҷик Эрикин Раҳматуллозода. Душанбе, “Эр- граф” 2023.

Академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори улуми фалсафа, профессор устод  Акбари Турсон дар муқаддимаи китоби “Фиристода бояд, ки доно бувад…”, ки ба муносибати 70-солагии дипломати маъруфи кишвар Эркинхони Раҳматуллозода чоп шудааст, менависад: Муҳимтарин гувоҳии обрӯю эътибори соҳибҷашни мо ҳамчун арбоби умури хориҷӣ ин аст: тараддуду заҳмати чандинсолаи Эркинхон Раҳматуллозода, ки дар ғояти кордонию кордорӣ ва садоқати давлатию масъулиятшинохтии шахсӣ сурат мегирад, аз тарафи ҳам давлату ҳам ҷомеа қадрдонӣ шудааст. Хосса аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон, солҳои тӯлонӣ (андаряк 15 сол) бо Раҳматуллозода ҳамроҳ кор карданду фаъолияти ҳалолу поки эшонро ба сифати мушовири давлатӣ, дар таъйиду таҳқими манофеъи милли Ватани азизамон, ҳамҷиҳата қадр мекунанд. Хотиррасон карданд кофист, ки Раҳматуллозода бо Ордени “Шараф”-и дараҷаи якум мукофотонида шудаанд.

Афзун бар ин, дар хориҷи кишварамон ҳам Раҳматуллулозодаро нағз мешиносанду ҳурмат мекунанд ва ба бад-ин сабаб фаъолияти байналхалқии эшонро ба андозаи сазовор қадрдонӣ менамоянд. Чунончӣ, дар Фаронса дипломати тоҷикро бо ордени олии давлатии кишвар мавсум ба Le Merite (“Барои хидматҳои шоён”) арзёбӣ карданд.

Узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомиддин Зоҳидӣ, ки солҳои 2016-2019 муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буду ҳоло Сафири кишвари мо дар Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, дар ин китоб мақола дорад бо номи “Номоваре дар саҳнаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон”. Менависад: Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зода ва маҳсули истиқлоли кишвар аст. Бунёдгузори ин сиёсат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд. Пешвои миллат бор хирадмандӣ ва дурандешии фитрӣ, миллатдӯстиву ватанпарварии беназир, ҷасорати беҳамтои қавлу амал ва тафаккури навини давлатдорӣ муҳимтарин самтҳои хориҷии кишварамонро чун сиёсати дарҳои боз, ки амалан фарҳанги ҳамзистӣ бо ҷаҳони пуртазоди имрӯз аст, тарҳрезӣ намуда, дипломатияи ҷавони кишварро татбиқи муваффақонаи ин сиёсати хориҷии санҷидашуда ҳидоят ва роҳнамоӣ карданд. Муруре ба раванди тарҳрезӣ ва татбиқи сиёсати хориҷии кишвар дар тӯли беш аз сӣ соли даврони Истиқлолият далели гӯёи ин матлаб аст, ки имрӯз тоҷикон бо шарофати давлатдории мудаббирона ва раҳбарии ҳакимонаи Пешвои миллат мақому манзалати худро дар анҷумани давлатҳои мутамаддини ҷаҳони  имрӯз пайдо карда ва бо ибтикороту ташаббусҳои глобалии Роҳбари навандеш ва дурнигари хеш чун соҳиби кишвари фаъол дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳо ва мушкилоти умумии башарӣ этироф гардиданд.

Натиҷаи дигари муҳимми раванди таҳрезӣ  ва татбиқи сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар тӯли беш аз сӣ соли гузашта ин ташаккули мактаби сиёсати хориҷии Пешвои миллат аст. Аз рӯзҳои нахустини давлатдории худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсиятҳои фозил ва содиқ ба кори миллату давлатро ба татбиқи сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷалб намуданд. Аксари ин шахсиятҳо бо тай кардани марҳилаҳои рушду такомул дар мактаби сиёсати хориҷии Пешвои миллат ба унвони намояндагон ва шогирдони сазовори ин мактаб шинохта шуданд ва дар ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистон ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ саҳми бориз гузоштанд.

Бидуни тардид, Эркин Раҳматуллозода, ки имрӯзҳо баҳори ҳафтодуми умри худро истиқбол мегиранд, аз зумраи пуртаҷрибатарин намояндагон ва шинохтарин шогирдони мактаби сиёсати хориҷии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд…

Китоби “Фиристода бояд, ки доно бувад…” соли 2023 чоп шуда, тавре ёдовар шудем, ба фаъолиятҳои дипломатии яке аз чеҳраҳои тобноки олами дипломатии Тоҷикистон Эркинхон Раҳматуллозода бахшида шудааст.

Китобро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.

Таҳияи Меҳрангез Муҳаббатова, сармутахассиси Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.