Бекназар Аҳмадов – муаллифи беш аз 600 мақолаҳои илмии библиографӣ

бекназарБекназар Аҳмадов, ки яке аз пурмаҳсултарин мақоланависон дар мавзуҳои библиографӣ ва муаллифи чандин дастурамалҳои омӯзишӣ буд, 9 сол пеш, замоне, ки 89 сол дошт, дар шаҳри Душанбе даргузашт. Вай 27-уми моҳи майи соли 1926 дар деҳаи Сарихосор, ҳоло ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба дунё омада буд.

Корманди шоистаи Тоҷикистон (1999). Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ – равшаннамоии ноҳияи Ленин (ҳоло Коллеҷи фарҳанги н. Рӯдакӣ) (1960) ва шӯъбаи китобдории институти педагогии шаҳри Тошкандро (1966) ба итмом расонида, дар Китобхонаи вилоятии шаҳри Самарқанд фаъолият намудааст.

Солҳои 1968-1993 нозир, нозири пешбари Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, 1993-2001 корманди Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ буд.

Ба қаламаш дастурҳои методии китобхонашиносӣ, библиография аз қабили “Маскани ктобҳо”(ба забони русӣ)  “Давлати бузурги Сомониён”, “Авасто китоби муқаддаси зардуштиён”, “Китоби сол”, беш аз шашсад мақолаҳои илмӣ, оммавӣ, очеркҳо дар масоили маданияту санъат, арбобони намоёни фарҳангӣ, китобу китобдорӣ ва китобшиносӣ мансубанд.

Хидматҳояд бо медали “Барои меҳнати шуҷоатнок” қадр шудааст. Соли 2015 дар дар синни 89-солагӣ шаҳри Душанбе тарки олам кард.

С. Ибрагимова, муовини сардори шуъбаи коркарди адабиёт.