Китоби нав. Гулаҳмад Раҳмихудоев, Кимиё Исломова: «Биотехнология»

БиотехнологияКитоби мазкур соли 2023 дар нашриёти «Эр-граф» ба таъб расида, ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ,  дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» солҳои 2020-2040 бахшида шудааст.

Муаллифони ин китоб доктори илмҳои биология, профессори кафедраи биотехнологияи Донишгоҳи миллӣ Гулаҳмад Раҳмихудоев ва ассисенти кафедраи биохимияи ДАМТ Кимиё Исломова мебошанд.

Дар сарсухани китоб омадааст, ки Биотехнология ҳамчун як қисми муҳими биологияи муосир маҳсуб ёфта, ба монанди физика дар асри 20 яке аз бунёдгузор ё роҳнамо дар соҳаи илм ва иқтисоди дунё, мавқеи намоёнро касб кардааст.

Омӯзиш ва тадқиқотҳо оид ба биотехнология дар илми ҷаҳонӣ солҳои 80- уми қарни 20 рух дод ва вақте ки равишҳои нави методӣ ва методологӣ гузаришро ба истифодаи самараноки онҳо дар илм ва амалия таъмин карданд, имкони воқеии аз ин самараи иктисодӣ гирифтан ба вуҷуд омад.

Аз рӯи пешгӯиҳо, ки дар аввали асри 21 ба миён омада буд, молҳои биотехнологӣ амаи чоряки маҳсулотҳои ҷаҳониро ташкил хоҳан дод.

Равандҳои биотехнологияи муосир бисёртар асосҳои усули рекомбинатсияи КДН ва ҳамчунин истифодаи ферментҳо, ҳуҷайраҳо ё органелаҳои ҳуҷайраро дар бар мегирад. Биотехноглогияи муосир – ин илмест, ки оид ба муҳандисии генӣ ва ҳуҷайравӣ, технологияи бавуҷудорӣ ва истифодаи генҳои табдилдиҳандаи объектҳои биологӣ, барои сермаҳсулгардонии истеҳсолот ё ба даст овардани намудҳои нави  маҳсулоти таъиноти гуногундошта, рушд ёфта истидааст.

Дар китоби мазкур усулҳои умумии равандҳои биотехнологӣ, шиносоӣ бо объектҳои асосии равандҳои биотехнологӣ ва ҳудуди истифодаи маҳсулотҳои биотехнологӣ, усулҳои асосии ба даст овардан ва истеҳсоли ҷавҳари тозаи биологии фаъол дар биотехнология, истеҳсоли азими саноатӣ ҳамроҳ бо истифодаи микроорганизмҳо дида баромада шудааст…

Хонанадагон китоби «Биотехнология»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Фарзона Шарифова,
Мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд