Китоби нав. Инвеститсия ва таҳлили лоиҳаҳои инвеститсионӣ
Ин китоб як дастури таълимӣ буда, дар он мафҳуми инвеститсия ва лоиҳаи инвеститсионӣ чун яке аз самтҳои менеҷменти молия шарҳ дода шудааст. Муаллифони китоб А.Урунов ва Ш.Муминова дар пешгуфтор навиштаанд:
“Дар дастури таълимӣ инчунин нуқтаҳои асосии методикаи мазкур инъикос ёфтааст: мафҳуми инвеститсия ва лоиҳаи инвеститсионӣ яке аз самтҳои менеҷменти молия шарҳ дода шудааст; моҳияти иқтисодии нишондиҳандаҳои арзёбии самаранокии иқтисодии инвеститсияҳо ошкор шудааст; намунаҳои ҳисоб аз рўи ҳар як нишондиҳанда, таҳлили нишондиҳандаҳои ҳисобшуда ва тарзи амал бо онҳо тавзеҳ дода шудааст; хусусияти баҳисобгирии таваррум ва хавфи он ҳангоми арзёбии инвеститсияҳо баррасӣ карда шудааст”.
Дар дастур бахшҳои мубрами таҳлили инвеститсионӣ оварда шуда, моҳият ва намудҳои инвеститсияҳо, лоиҳаҳои инвеститсионӣ таҳқиқ шудааст. Механизм ва шартҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ шарҳ дода шудааст. Дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ моҳият ва технологияи ҳисоби самаранокии иқтисодии инвеститсияҳо инъикос карда шудааст; намунаҳои ҳисоб ва таҳлили онҳо аз рўи ҳар як нишондиҳанда пешниҳод шуда, нисбати ҳар яки он чӣ тавр амал кардан фаҳмонида шудааст.
Китоби “Инвеститсия ва таҳлили лоиҳаҳои инвеститсионӣ”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Фарҳоди САЛИМ