Китоби нав. «Қиссаҳои даврони шӯр»

Даврони-шурКитоби Султонмуроди Одина  «Қиссаҳои даврони шӯр» соли ҷорӣ  бо дастгирии молиявии раиси ноҳияи Ҳисор Қосим Роҳбар ба муносибати 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шудааст.

Китоб 11 қиссаро дар бар гирифта, маҳсули даврони истиқлоли давлатии Тоҷикистон мебошад. Тавре муҳаррир Фатҳуллоҳи Азиз дар сарсухани китоб менависад, аксари қиссаҳо бо даврони шӯру бенизомии ҷомеа, даврони ҷанги шаҳрвандӣ, маҳрумяти ба сари аҳолӣ овардаи ин фалокати таҳмилӣ ва қисмати инсонҳо дар ин давра бахшида шудааст. Адиб воқеаҳои ҳаётро аз ҷиҳати бадеӣ ба қалам оварда, муваффақ шудааст, ки ин  фоҷиаи миллиро ба риштаи сухани бадеи тасвир кунад.

Дар қиссаи аввалини китоб «Бозтоби тақдир» аз қисмати зани ҷавони тоҷик нақл кунад, ки бо ҳукми тақдир аз оилаи пешқадами шаҳрнишинҳо асту ба оилаи муҷоҳидон меафтад ва оқибати кор аз фарзанди нахустинаш ҷудо шуда, гуреза мешавад ва ба мулки ғайр меафтад. Дар аср воқеаҳои майдоншинӣ, муборизаҳои бемаънии тоифае, ки намедонанд барои чи ба мубориза бархестанд, нишон дода мешавад.

Дар ҳамаи ин кашокашҳо зани ҷавон Гулчеҳра ба тақдираш тан дода зиндагӣ мекунад ва оқибат аз муҳоҷирати маҷбурӣ бо ҷаҳонбинии нав ба Ватан бармегардад. Акнун аз он ҷамъияти куҳан чизе намонда буд, мисли худи ӯ ҷамъият нав шудаву умеди нави ободонӣ аз он мерасид: «…Вақте ки..мусофирони аз тарси ҷон ва бо умеди амнияту пораи нон овора барои озими ватан …фаромаданд, гӯё аз тарфи ҷануби гӯшаи осмон абрҳо пароканда шуданду равшание, нуре ба рӯи муҳоҷирони иҷборӣ зад».

Ин аз ояндаи неки зиндагӣ дар Тоҷикистон башорат медиҳад. Нависанда дар баёни воқеа аз урён гӯйӣ парҳез мекунад ва хулосаро ба ихтиёри хонанда ҳавола мекунад…

Хонандагон китоби «Қиссаҳои даврони шӯр»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.