Китоби нав. Маҷмўаи шартномаҳои ҳуқуқи гражданӣ
Дар ҳама давру замон яке аз самтҳои асосии барпо сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ ин баланд бардоштани сатҳу сифати таълим маҳсуб меёбад. Васоити таълимӣ – методии «Маҷмуаи шартномаҳои ҳуқуқи гражданӣ», яке аз дастовардҳои хуб ва натиҷаи ҳамкориҳои судманди кафедраҳои ҳуқуқи граждании ДМТ ва ДДҲБСТ ба шумор меравад.
Дастури таълимӣ дар асоси стандарти давлатии таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷўёни ихтисоси ҳуқуқшиносӣ пешбинӣ ва тайёр карда шудааст. Маводи мазкур дар ин шакл дар Тоҷикистон бори аввал нашр мешавад.
Таҳиягарони китоб Ҷ.Муртазозода, Ғ. Санавваров, И. Одиев ба ин умеданд, ки маҷмўаи мазкур барои донишҷўёни факултети ҳуқуқшиносӣ ва барои тамоми шавқмандони ҳуқуқи гражданӣ то андозае кўмаки назарраси худро мерасонад.
Китоби “Маҷмуаи шартномаҳои ҳуқуқи гражданӣ”-ро аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастрас карда метавонед.
Шарофат Мирзоева