Муаррифӣ: Консепсияи табиатшиносии муосир
Дастури таълимии “Консепсияи табиатшиносии муосир” дар доираи талаботи Стандарт ва нақшаҳои таълимӣ барои донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва дигар алоқамандони соҳа пешбинӣ гардидааст. Табиатшиносӣ соҳаи хеле муҳим ва диққатҷалбкунандаи ҳаёт ба шумор меравад Муаллифони китоб кўшиш намудаанд, ки тозатарин мавзўъҳои илми табиатшиносии муосирро пешкаш намуда, ҳамзамон хонандаро ба раванди имрўзаи таҳаввулоти ҷиддӣ аз наздик ошно созанд.
Консепсияи табиатшиносии муосир ҷанбаҳои мухталифро мавзўи таҳқиқи худ қарор дода, имрўз чунин илмҳои барои ҳаёти инсон зарур, аз ҷумла биология, химия, физика, астрономия, геология ва ғайраро дар худ муттаҳид менамояд.
Муаллифони китоб Амирҷон Нурзода ва Дилфӯза Бобоҷонова ба ин назаранд, ки мақсад аз омўзиши фанни «Консепсияи табиатшиносии муосир» шинос намудани донишҷўён бо оламест, ки қисми ҷудонашавандаи маданияти инсонӣ ба ҳисоб меравад.
Хонандагони гиромӣ китобро метавонанд аз Китобхонаи миллӣ Тоҷикистон дастрас ва мутолиа намоянд
Шарофат Мирзоева