Китоби нав. Мунтахаби ашъори Муиззии Нишопурӣ
Ин китоб ба тозагб дар шаҳри Душанбе чоп шудааст. Мураттиб ва муаллифи сарсухан Рамазон Абдуллоев буда, зери назари профессор Абдунабӣ Сатторзода омода шудааст.
Муиззӣ шоири машҳури нимаи асри XI ва нимаи аввали асри XII мебошад. Дар сарчашмаҳои адабию таърихи ўро яке аз адибони хушбахт, яъне дар давлату мартабату бузургӣ баробари Рўдакию Унсурӣ ҳисобиданд.Чунончӣ Муҳаммади Авфӣ нигоштааст: “Гўянд се нафар шоирон дар се давлат иқболҳо диданд ва қабулҳо ёфтаанд, чунон ки касро он мартаба муяссар набуд. Яке Рўдакӣ дар аҳди Сомониён ва Унсурӣ дар давлати Маҳмудиён ва Муиззӣ дар давлати султон Маликшоҳ”. Ҳар се ин шоирро ҳам мансаби маликушшуароӣ насиб гаштааст ва ҳар кадомашон мувофиқи шароиту замон барои сулолаҳои гуногун хидмат кардаанд.
Дар ин китоб зиндагинома ва мунтахаботи ашъори шоир оварда шудааст ва мураттиб ба ин назар аст, ки он барои мутахассисонии риштаи филология ва адабиётшиносон муфид хоҳад буд.
Гулистон Лундишоева