Китоби нав. «Мурофиаи гражданӣ»

Мурофиаи-гражданӣКитоби мазкур соли 2023 зери таҳрири генерал-майори милитсия Ф.Шарифзода  омода ва нашр шудааст. Муаллифон А.Абдулаҳадзода ва А.Воҳидов ин китобро воситаи таълимӣ-методӣ дар масоили асосии назария ва амалияи омӯзиши фанни таълимии мурофиаи гражданӣ номидаанд.

Дар сарсухан омадаст, ки  ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ дар радифи дигар ҳуқуқ яке аз ҳаққи асосии инсон ва  шаҳрванд ба ҳисоб рафта, дар моддаи 19 – уми Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон таҷссум  ёфтааст.

Давлату ҳукумат баҳри амалисозии ҳуқуқи ҳифзи судӣ ва ба ҳамин васила мустаҳкам намудани функсияи муҳофизаткунандаи  ҳуқуқ, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад, тамоми чораҳои заруриро меандешанд. Аз ҷумла, қабули Қодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 5 –уми январи соли 2008 мисоли равшани пайгирии татбиқи кафолати конститутсионии мазкур мебошад.

Бояд хотиррасон намуд, ки мавзӯи танзими ҳуқуқи мурофиавии гражданиро ҳамчун соҳаи ҳуқуқ муносибатҳои ҷамъияти оид ба оғоз намудани парвандаи гражданӣ дар суд, тартиби омодасозии парвандаи гражданӣ дар судӣ марҳилаи якум, кассатсионӣ ва назоратӣ, аз нав баррасӣ намуданӣ ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамуда вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида, эътироф ва иҷрои ҳалномаҳои судҳои давлатҳои хориҷӣ, инчунин тартиби иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ташкил медиҳанд.

Ҷиҳати самаранокии раванди аз худ намудани фанни мазкур омода сохтани воситаҳои таълимӣ ногузир мебошад. Мурофиаи граждани (воситаи таълимӣ – методӣ) аз ҷониби муаллифон дар шакли сода ва омафаҳм омода гардида, барои омӯзиши фанни мурофиаи гражданӣ мусоидат менамояд.

Матни воситаи таълими мазкур дар шакли саволу ҷавоб омода гардидааст. Қисми зиёди саволҳо фарогири зерсавол буда, дар асоси қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сарчашмаҳои илмию таълимӣ ба саволҳо ҷавоб гордонида шудааст.

Дар воситаи таълимӣ баъзе мавзӯҳо таҳлили илмӣ шуда, нуқтаи назари олимон оварда шудааст.

Дар матни воситаи таълимӣ ҳарфҳои ихтисоршудаи КМГ ҶТ Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрири 05.01.2008 дар назар аст.

Мурофиаи гражданӣ (воситаи таълимӣ методӣ) бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани омӯзиши фанни мурофиаи гражданӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбии мутахассисони  соҳавӣ, аз ҷумла шунавандагон ва курсантони факултетҳои дахлдори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст.

Китоби  «Мурофиаи гражданӣ»-ро хонандагони азиз  метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.