Китоби нав. Муртазо Зайниддинзода. Дурахши муҳаббат
Монографияи донишманди варзида Муртазо Зайниддинзода бо номи “Дурахши муҳаббат” бахшида ба 25-солагии Ваҳдати милллӣ ба тозагӣ чоп шудааст. Он аз чаҳор ҳисса иборат буда, ба масъалаҳои робитаҳои адабӣ, тарҷумаи бадеӣ, мизони маърифат ва арҷ ба заҳмати иддае аз адабиётшиносон ихтисос гирифтааст.
Маводи монография қаблан тариқи рўзномаву маҷаллаҳо, мачмўаҳои дастаҷамъӣ мазури суханшиносон гардидааст ва дар ин шакл метавонад ба доираи васеи хонандагон хидмат кунад.
Муаллиф дар сарсухан ба китоб менависад: Ҳар қадар, ки ба осори меросӣ ва таълифоти илмиву таърихии давраҳои охир таваҷҷуҳ бештар гардад ба ҳамон андози иртиботи байниҳамӣ ва таъсиру таассури илму адаби халқҳои гуногунзабону мухталифнажод равшантар зуҳур мекунад. Осори чашмраси илмиву адабӣ, таърихиву ҷуғрофӣ ва фалсафиву табиии ба ёдгор монда башорат медиҳад, ки аждодони некноми мо ба бозёфтҳои илмии халқҳои дигар бо чашми ҷўяндагӣ нигариста дар радифи таъсиргузорӣ баҳра низ бардоштаанд.
Натиҷаи чунин доду гирифтро метавонад дар давраи халифа Маъмун таъсис ёфтани «Дор-ут-тарҷума» барин маркази тарҷуа ва «Байт-ул-ҳикмат» барин китобхона ва бартарӣ пайдо кардани фарҳанги Шарқ дар қиёс ба фарҳанги Юнони бостон ба мушоҳида гирифт. Даста – даста донишмандони Шарқ бо донишу фазли энтсиклопедии худ дар ташаккули адабу маърифати халқу кишварҳои мухталиф таъсиргузор будаанд.
«Иртиботи маонии аҷдод, маркази ихтилофу истеъдод» гуфтани Мирзо Абдулқодири Бедил ба ҳамон маъно буда, замони дигар пажӯҳишгарони шарқиву ғарбӣ дар навишторашон оид ба қонуниятмандиҳои ин масъала ибрози назар кардаанд. Аз миёни гуфтаву навиштаҳои ба ин қазия ихтисос гирифта таъкиди донишманди фарзона Акбари Турсон бо равониву ҳадафмандияш ба муҳтавои китоби ҳозир ба муроди муаллиф созгор мебошад. «Ҳар халқу кишвар аз рўйи имкону ҳимматаш ба махзани илмў маданияти кулли башар ҳам ҳисса гузоштасту ҳам ҳисса бардоштааст. Ва маҳз равобиту таъсири мутақобили таърихивю фарҳангӣ мояи инкишофи маънавии авлоди башар будааст ва мебошад».
Кист Муртазо Зайниддинзода?
Адабиётшинос, номзади илми филология (1990), узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2009), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2015), узви Иттифоқи тарҷумонҳо ва ноширони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтия, муовини сармуҳаррири маҷаллаи илмии «Ҷустуҷўҳои адабӣ», Раиси Шурои робитаҳо, тарҷума ва драматургияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2018), Раиси Шурои тарҷума ва робитаҳои адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Зайниддинзода Муртазо (Муҳтадо) 30 декабри соли 1958 дар деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Соли 1976 ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1982 хатм кардааст.
Фаъолияти кории ў баъди хатми Донишгоҳ ба сифати муҳаррири хурди нашриёти «Ирфон» оғоз гардидааст. Бо хатми аспирантура (1987) ба сифати муаллими калон ва дотсенти кафедраи фолклор ва адабиёти халқҳои СССР фаъолият намудааст. Солҳои 1993-1996 ба сифати дотсенти кафедраи журналистика ва адабиёти хориҷӣ, муовини декани факултети журналистика ва тарҷумонӣ фаъолияти кории ў идома ёфта, соли 1996-1999 ба сифати дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсӣ – тоҷикӣ фаъолият намудааст. Минбаъд ба сифати мудири шуъбаи таълимии ДМТ (1999-2001), муовини сардори қисми таълимии ҳамин донишгоҳ (2001-2002), Сармутахассиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ (2005-2008), декани факултети журналистика (2008-2011), дотсент (2011-2012) ва мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ (2013-2022), дотсенти ҳамин кафедра фаъолият менамояд.
Самти пажўҳиши ў паҳлуҳои гуногуни таърихи адабиёт, робитаҳои адабӣ, назария ва ташкили адабӣ, адабиётшиносии муқоисавӣ ва масъалаҳои тарҷумаи бадеиро фаро мегирад. Иштирокчии конфронсу симпозиум ва ҳамоишҳои илмӣ дар шаҳрҳои Қазон, Оренбург, кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Арманистон, Белорус, Украина, Англия, Туркия буда, доир ба иртиботи боҳамии адабиётҳо, ба вижа иртиботи таърихии халқҳои точику тотор сўханронӣ кардааст.
Муаллифи китобу маҷмўаҳо, мураттиби маводи конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ва беш аз 400 мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ, аз ҷумла китобҳои «Машъалафрўз» (1995). «Раҳнамои накўиҳо» (1998), «Фонуси ёдҳо»,(1998) «Ёде аз бузургон» (2010,2018). «Адабиёти ҷаҳон» (2011). «Таърихи адабиёти хориҷӣ» (дар ду қисм 2005-2014). “Гулчанбари муҳаббат» (2017, бо ҳаммуаллифӣ), «Ҳақиқатро бараҳна бояд дид» (2017), «Пайкари накўӣ» (2017, бо ҳаммуаллифӣ). «Паёми бародарӣ» (2018), «Песнь единства» (2018, бо ҳаммуаллифӣ). «Пайванди халқҳо ва тамаддунҳо» (2019), «Уфуқҳои дўстӣ” (2020, бо се забон ва ғайра мебошад.
Зайниддинзода М. барои хидматҳои шоиста дар рушду пешрафти илму фарҳанги кишвар ба нишонҳои «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1998), «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2009), “Алочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2010), ордени «Дустӣ» (2009), «Нишони сухан» (2019), Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (2021) ва Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2021) қадрдонӣ шудааст.
Китоби “Дурахши муҳаббат”-и донишманди тоҷик Муртазо Зайниддинзодаро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Шарофат Мирзоева