Китоби нав. Набиюллоҳи Суннатӣ. “Ҳафт мино”

Ҳафт миноИн китоб соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд чоп шудааст ва муаллиф Набиюллоҳи Суннатӣ дар оғоз навиштааст, ки  «Ҳафт мино» аслан ғояи устод Муқим Абдураҳмонов (рӯзноманигори баноми тоҷик) буд. Эшон бисёр мехостанд, ки китоби мустанаде оид ба ҳафт фариштаи Исфара иншо намоянд, аммо саломатиашон барои амалӣ намудан имкон надод.

Дар охирин дидорамон, ки 01.11.2018 ба вуқуъ пайваст, хоҳиш карданд, ки ин омолашонро ҷамаи амал бипўшонам. Ин васияти устод мисли тўмор ҳамеша бом ман аст.

Ёдатон ба хайр, устод!!!

Дар муаррифии “Ҳафт мино” омадааст: Як чизе, ки асарҳои публитсистиро аз асарҳои бадеӣ фарқ мекунонад ва кори публитсистиро душвор мегардонад, воқеъӣ будани қаҳрамонон, ҳодисаҳо ва шахсони атрофи онон мебошад. Яъне, имкони воқеанигор дар тасвири симои қаҳрамони худ назар ба нависандаи асари бадеъӣ маҳдудтар аст. Дар истифодаи забон ҳам маҷбур аст, аз баъзе қолабҳои маъмулии шарҳиҳолӣ ва ҳуҷҷату санаднигорӣ истифода барад. Аммо навиштаҳои Набиюллоҳро кас мисли як асари бадеӣ бо шавқу завқ мехонад ва баробари қаҳрамон дар лаҳзаҳои шод механдаду дар аснои ғам мегиряд.

Муаллиф то ҳадди имкон аз санъатҳои бадеӣ моҳирона истифода мебарад ва ба ин васила симои қаҳрамонашро аёнтар месозаду рағбати хонандаро ба мутолиа давоми қисса шавқманд месозад. Забони навиштаҳояш шоирона, зебою ширин аст. Набиюллоҳ барои ҳар қисса сарлавҳаи муносиб ёфта, бо истифодаи зерсарлавҳа ва байте таваҷҷуҳи хонандаро бармеангезад.

Китоби “Ҳафт мино”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Таҳияи Фарҳоди САЛИМ,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.