Китоби нав: Назри Яздонӣ «Ҳикмати озодагон» (Наши чорум)

Ҳикмати озодагонСухан аз ормонҳо ва арзишҳои миллии тоҷикӣ аст. Рӯйи сухан ҷониби ваҳдат ва асолати миллӣ аст. Тақдири ормонҳо ва арзишҳои миллати тоҷик дар таърих-имрӯз ва дар ояндаи маданияту сиёсати умумибашарӣ. Шинохт ва беҳдошти арзишҳои миллӣ дар шароити  беамон ва бебозгашти ҷаҳонишавӣ.

Маводи истидлолӣ ва тасвирӣ аз тақдиру саргузашти арзишҳои миллӣ  илова карда мешавад. Аз китоб ин иқтибосро барои шумо, азизони хонанд, меорем ва шуморо ба мутолаа пурраи он даъват мекунем:

ОХИРСУХАНЕ, КИ ОХИР НАДОРАД

Тадқиқоте, ки ироа шуд аслан дар самти шинохти асолати миллӣ сурат гирифтааст. Дар ин росто кӯшиши шинохтан ва равшан кардани ормонҳо  ва арзишҳои ориёнӣ-тоҷикӣ мавриди диқкати хос буд.

Маълум аст, ки ин мавзуъ ҳамон қадар, ки бостонӣ аст аз он бештар барои мо наву ношинохта аст.

Тӯли таърихи зиёда аз 3800 соли китобӣ, 5600 соли асноди археологӣ, ҳудуди 7000 соли ривоятӣ, ниматаърихӣ ва нимаривоятӣ саргузашти миллати  мо дар осёби гоҳе бомаром, гоҳе бемаром, гоҳе дар гардиши туғёни дарёи таърих, гоҳе ҳам мутаассифона, осиёбе будааст, ки ба сабаби рӯди хушкидааш дар вазъи сукут ҳам  будааст.

Дар ин нобасомониҳои тақдир ва ғолибан номеҳрубониҳое, ки таърихи ғолибан тохтутозҳои ваҳшиёна, барбарӣ, кӯчӣ, ақидатӣ, бехудоӣ, белаҷомӣ ба сари ин фарҳанг омадааст, дар як шакли комилу мураттаб тасвир кардани тақдири ормонҳо ва арзишҳои ориёнӣ-тоҷикӣ кори як ду нафар ва чанд даҳсола нест. Дар ҳар сурат кӯшиши расидан ба асолати миллии хештан бо як симои мушаххаси миллии шоистаи иззат ва эҳтиром дар ҷомеаи ҷаҳонӣ арзи ҳастӣ кардан ҳуқуқи ҳар миллате ҳаст, шояд бештар аз ҳама ин ҳуқуқро миллати тоҷик дошта бошад. Ҳуқуқи бештар доштанаш бар он асос аст, ки дар ибтидову саргаҳи сарзамини тамаддуни башарӣ қадамҳои нахустини маданиятсозӣ бардоштааст.

Зерунвони ин асар «Ормонҳои орёнӣ-тоҷикӣ» (Аз Бостон то Ҷовидон) аст. Матлаб ин аст, ки то инсоният ҳаст, то ҷовидон, то он даме, ки инсон бо риояти ормонҳову арзишҳои умумиинсонӣ ба сар мебарад, симои инсонии худро ба саломат нигоҳ медорад. Яъне то инсон аст, то ҷовидон ормону арзишҳои тамаддуни ориёнӣ зиндаву созандаву босубот хоҳанд монд.

Дар айни замон шарти хиради ҳушёр ин аст, ҳар дақиқа бояд дар ёд дошта бошем, ки вақт равона аст, чун вақт дар ҳаракти ҷовидонӣ аст, ҷаҳон ва инсон, офоқ ва анфус дар тағйиру рушду таназзуҳ ҳастанд. Арзише, ки як замон қимати баланд доштааст камбаҳо мешавад, ҳатто беаҳаммият мешавад, ба осорхонаи тамаддун меравад. Арзишҳое пайдо мешаванд, ки ношинохта ҳастанд ва дар рӯзгори инсон мақоми мустаҳкам мегиранд.

Ҳамоно ин нуқтаро ҳам тибқи фитрати ҳушёр бояд дар назар дошт, ки фарҳанги ориёнӣ-тоҷикӣ чӣ дирӯз, чӣ имрӯз, чӣ фардо як фарҳанги комилан бе нуқсон нест. Қоидаи ҷомеаи фарҳангӣ ҳам ҳамин аст, ки нуқсонашро ба сарвақт бишносад, ислоҳ кунад.

Аз ҷумлаи нуқсонҳои сахт зарароваранда, ки дар рӯзгори имрӯз  ҳастанд ин аст, ки:

  • қисмати ғолиби аҳолии Тоҷикистон ба якдигар бо хитоби «ту» суҳбат мекунанд. Дар сурате, ки аксарияти раияти давлатҳои пешрафта аз ҷумла давлатҳое, ки забонашон англисӣ аст, зиёда аз 300 сол аст, ки ҷонишини «ту»-ро истифода намекунанд. Танҳо дар шеър ба шакли «thee»-ро истифода мекунанд. Ин калима он қадар барои фарҳангашон бегона шудааст, ки гумон мекунам барои фаҳмиданаш ҳатман ба луғат рӯй меоранд;
  • ба мисли ҳамин дар маданияти муошират сиғаи амрӣ аслан истифода намешавад. Ҳаргиз касе намегӯяд, ки «китобро бидеҳ», «дарро пӯш» ва монанди инҳо. Сиғаҳое ба монанди «мешавад, ки ин китобро бидиҳӣ?», «лутф карда китобро ба ман диҳед» ва ғайра.

Дар ин ду мисол бунёди аслии тамаддуни ориёнӣ тобиш медиҳад, ки он бузург доштани эҳтироми инсон аст. Сарфи назар аз синнаш, нажодаш, ҳизбияташ, дараҷаи дороияш. Ин ҳамон нуқтае ҳаст, ки Куруши Кабир дар «Устувона»-аш гуфта буд: «ҳама фарзанди инсон баробар аст…»

Ҳар ҳусне дар ин таҳқиқ ба назар пайдо шавад аз ҳусни истиқболи соҳибназарон аст. Ҳар нуқсоне ба назар расад бар зиммаи мост. Ҳамоно то нафас ҳаст дар ин росто андешаву қалам хоҳем ба кор дошт. Дар ин росто умеди қавӣ дорем, ки ҳамсафарони ватандӯсту фарҳангдӯсте ҳамроҳ бошанд. Боқӣ шодиву саодатмандӣ мехоҳам.

Дар қисмати замимаҳо ҳуҷҷат, санадҳо, катибаҳо тасвири арзишҳои ҷаҳоншумули моддӣ пешниҳод мешаванд, ки барои тасаввуроти рӯшан ҳосил кардан дар шинохти миллат мусоидат хоҳанд кард.

1.Дар даврони шуравӣ таъкиди нонавишта, аммо бисёр маълум буд, ки гӯё миллати тоҷик қудрати офаридани осори бадеиро дорад, аммо дар улуми дақиқ техникаи муосир муваффақият намеёбад. Дар китоби Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ «Дар дуроҳаи фано ва бақо» ҳуҷҷатҳои шоҳкориҳои оламшумули миллати тоҷик дар химия, физика, математика, астрономия бо далелу исбот оварда шудаанд. Барои тасаввуроти комилу истидлолӣ пайдо кардан дар самти қудрати миллати тоҷик дар улуми дақиқ таъкидан илтимос дорем, ки ба ин китоб муроҷиат шавад. Азизон метавонанд ҳамчунин ба нашри савуми «Ҳикмати озодагон» муроҷиат кунанд, ки фишурдаи дастовардҳои ҷаҳонии тоҷиконро дар улуми дақиқ ва техника иқтибос кардаем. Мақсаду умед ин аст, ки дар зеҳни миллат қудрате тавонмандӣ, дилпурӣ дар ин соҳа рӯз ба рӯз қавитар гардад.

  1. Эъломияи Куруши Кабир пешниҳод мешавад, ки дар саросари ҷаҳон ҳамчун нахустин эҳтироми ҳуқуқи башар шинохта мешавад. Барои дӯстдорони миллат муқоисаи ин эъломия бо «Эъломияи ҳуқуқи башар», ки имрӯз ҳамчун қонуни асосии ҷаҳон шинохта шудааст, равшану сареҳ нишон хоҳад дод, ки тафаккури қонунпешагӣ эҳтироми инсон дар маданияти тоҷик дар кадом сатҳ будааст.
  2. Аз китоби Ҳасани Пирниё хронологияи силсилаи давлатдории ориёниён қисман пешниҳод мешавад. (Алоқамандон метавонанд барои тасаввуроти комил ба китоби муаррихи ҷӯянда муроҷиат кунанд). Дар идомаи он ҷадвали Рамазон Абдуллатипов (Президенти имрӯзаи Доғистон) пешниҳод шудааст. Ин ҷадвал як тасаввуроти нисбатан комил дар саргузашти давлатдориву сиёсии тоҷикон дода метавонад.
  3. Албоме, ки ба диққати Шумо пешниҳод мешавад намунаи харитаҳо ва тасвирҳое ҳастанд, ки аҳаммияти бешакку шубҳаи илмӣ ва аксиологӣ доранд. Саҳми тоҷиконро дар тамаддуни ҷаҳонӣ намоиш медиҳанд.

Эъломияи Куруши Кабир барои миллати тоҷик ҳуҷҷати бисёр арзишманд аст. Аз он нуқтаи назар, ки дар бунёд ва рушди ҳуқуқи инсон нуқтаи пураҳаммияти бунёдӣ ва таърихӣ аст. Ин ҳуҷҷат бечуну чаро саҳми бузурги миллати тоҷикро дар тамаддуни ҷаҳон ҳусусан дар бахши ҳуқуқи инсон, давлатсозӣ, ҳифзи адолат, таҳаммулпешагӣ, бисёрандешии мазҳабиву миллӣ як санади тиллоии таърихи умумибашарист. Кифоя аст ин эъломияро бо эъломияи ҳуқуқи башар, ки ҷаҳони имрӯза тибқи он ба сар мебарад, муқоиса кунем.

Ин китоби хубу хондании Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ «Ҳикмати озодагон» ҳоло дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа мебошад ва хоҳишманд метавонанд онро дар ҳар толори хониш суроғ кунанд.

Адиба Мардонзода,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд