Китоби нав. Нобиғаи театр

Хушназар МайбалиевИн китоб аз  андешаҳо, хотирот ва сипосномаи ҳамкорону шогирдони Ҳунарпешаи  халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон  номи Рўдакӣ, таҳиягари навҷўй ва нотакрор Хушназар Майбалиев иборат буда, саҳми  ўро дар рушди  санъати театрӣ ва тайёр намудани шогирдони  сазовар инъикос намудааст.

Китоб барои олимон, санъатшиносон, таърихшиносон, унвонҷўён, донишҷўён ва алоқамандони санъати театрӣ пешбинӣ шудааст.

Китоб бо дастгирии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, гурўҳи ташаббускори “Равшандилон” ва оилаи Майбалиевҳо рўи чоп омад.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар сарсухани худ ба китоб аз ҷумла навиштааст:

Борҳо шунидаем, шоҳид гаштаем, ки инсони комилу ҳунарманди асил чун обу оташанд ва ҳамеша дар рақобату инкори ҳаманд, зеро инсони комил ҳамаро дар мизони ақл баркашида, мантиқро меҷўяду ҳунарманди асил мутеъи дилу эҳсосот аст.

Шояд иддаои мазкур бебунёд несту асоси воқеӣ ҳам дошта бошад, аммо на дар ҳаққи устоди зиндаёд Хушназар Майбалиев.

Воқеан, устод шахсияти беназир буда, истеъдоди фитрӣ, хиради азалӣ ва дили софу беолиш дошт. Вай дар тамоми ҳолатҳои зиндагӣ, чӣ дар рўзҳои тангу душвор ва чӣ лаҳзаҳои шодиву нишот ҳамоҳангии равонию ақлониро дар мувозинат нигоҳ медошту инсони равшанзамир буд.

Хислати устод дар тамоми асарҳои саҳнавии офаридааш бараъло таҷассум меёфт ва аз онҳо як тароват, як гармӣ, меҳру муҳаббат, самимият ва инсондўстии баланд меомад, ки беихтиёр ҳамаро мафтун сохта, абадан дар хотира нақш мебаст.

Ҳадафи Хушназар Майбалиев ҳаргиз тамошобоб будани намоиш набуд. Намоишкорона ба ҷилва овардани истеъдод не, балки ҷасуронаву дурандешона маҳв кардани намоишкорӣ – ин буд ҳадаф ва хатти маши ҳамешагии асарҳои устод.

Серҳаракативу ҷасту хези барзиёд, худнамоиву ман – маниҳо дар саҳна, ки ана ман чӣ гунаву ба чӣ корҳое қодирам дар саҳна билкулл рўҳияи Хушназар Майбалиев бегона буданд. Ҳарчанд вай инро ҳамчун падидаи ҳунар эътироф мекард, вале дар ақида ва принсипи ҳаётии худ устувор буд, ки режиссёр бояд дар актёр бимирад ва шоҳи саҳна дар ҳама давру замонҳо актёр аст.

Бинобар ин ҳунармандҳоро сидқан дўст медошту ҳурмат мекард ва онҳоро заҳматкашони санъат медонист, ки тамоми бори гарони ин соҳаро мекашиданд.

Хушназар Майбалиев ба синну соли ҷавониаш нигоҳ накарда мактаби калони ҳунариро гузашта, сабақҳои ҳафтсолаи гирифтааш аз устоди бузург Артисти Халқии СССР Ғуломалиев дар ҳайати Ансамбли шуҳратёри тарона ва рақси Помир ба ў кўмак расонд, ки истеъдоди худро дар факултаи режиссёрии Донишкадаи давлатии санъати театри ба номи А.В.Луначарскийи шаҳри Москва сайқал диҳад…

Китоби “Нобиғаи театр” дарбаргирандаи як даста мақолаҳо ва мусоҳибаҳоест, ки солҳои гуногун дар нашрияҳо чоп шудаанд ва бо талоши Тилло Некқадам ва Назархудо Дастамбуев дар шакли китоби хонданиву ҷолиб мураттаб шудааст.

Китобро хонандагони азиз метавонанд дар шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Саодат НАБИЕВА