Китоби нав: Нодирова Мавзуна: «Чеҳраҳои адабию фарҳангӣ дар эҷодиёти Сотим Улуғзода»

Чеҳраҳои адабию фарҳангӣИн китоб соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе чоп шудааст ва тавре аз номаш пайдост,  як паҳлуи то ба ҳол пажӯҳишнашудаи осори нависандаи забардаст устод Сотим Улуғзодаро рушан мекунад.

Тавре дар муқаддимаи китоб омадааст, адабиёти муосири тоҷик бисёр масъалаҳоеро дорост, ки ношинохта мондаанд ва то ҳол мавриди баррасӣ қарор нагирифтаанд. Сабки нигориш адибони тоҷик вижагиҳои худро дорад, ки метавон онҳоро ба тариқи ҷудогона таҳқиқ кард. Масъалаи тасвири як чеҳраи адиб аз ҷониби адиби дигар дар адабиёти тоҷик нав нест. Зеро дар асарҳои таърихӣ-ёддоштӣ доир ба ин ё он адиб ва чеҳраи фарҳангӣ сухан рафтааст, ки муҳтавои асарҳои мазкурро рангин кардааст. Чунончи , «Рисолаи саргузашт»-и Абӯали ибни Сино, «Сафарнома»-и Носири Хусрав, «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайнуддин Маҳмуди Восифӣ ва «Наводир-ул -вақоеъ»-и Аҳмади Дониш асарҳои таърихӣ, ёддоштӣ ва тарҷумаи – ҳолӣ буда, зимни саргузашти адиб дар онҳо роҷеъ ба чеҳраҳои адабию фарҳангӣ сухан рафта, як навъ портрет ҳам офарида шудааст. Аммо тасвири  бадеии симои адабӣ ва фарҳангӣ аз ҷониби адибони муосир падидаи тозаи ҳунарӣ буда, маҳз тавассути ҳамин восита паҳлуҳои гуногуни рӯзгор ва вижагиҳои хислатҳои онҳо равшан мегардад. Пас аз омӯзиши адабиёти рус адибони тоҷик як қатор хусусиятҳои адабии портретофарии  русирор омӯхта, онро дар адабиёти насрии тоҷик истифода намудаанд. Сотим  Улуғзода дар ин миён аз намоёнтарин адибоне мебошад, ки хусусиятҳои чеҳраофариро  дар эҷодиёти худ истифода кардааст.

Аз ин лиҳоз мубрамият ва муҳиммияти мавзуи илмии мазкур дар он дида мешавад, ки тахкиқи масъалаи чеҳраҳои адабию фарҳангӣ дар эҷодиёти Сатим Улуғзода бори аввал мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо ҳамин васила паҳлуҳои дигари мақоми Сотим Улуғзода дар адабиёти муосир муайян карда мешавад. Хамзамон, хусусиятҳои хоси наср, ҳунари портретофарӣ ва маҳорати муколамаофарии  Сотим Улуғзода вижагиҳои тасвири симоҳои адабию фарҳангӣ дар асарҳои нависанда, инъикоси воқеаҳои таърихӣ, махсусан, бо такя ба романи «Фирдавсӣ» таҳрири образи Фирдавсӣ дар матнҳои чопии  романи «Фирдавсӣ» ҷавҳари мубрамияти мавзӯъро тақвият бахшидааст.

Гуфтан мумкин аст, ки шахсияти адабии С.Улуғзода маъмулан дар заминаи фаъолияти тарҷумонии ӯ низ як андоза қобили маъруфият гардид ва ин албатта, пас аз он ки адиб асари нависандаи рус М.А. Алексеев «Сом ва Дик»-ро бо забони тоҷикӣ бо маҳорати баланди адабӣ тарҷума кард, бештар рӯнамо гардид. Зеро маҳз аз ҳамин тарҷума таваҷҷуҳи бисрё муҳаққиқону адибони дигар ва махсусан диққати устод Садриддин Айниро бештар ба шахсияти эҷодии С. Улуғзода ҷалб намуд ва маҳз ҳамин гуна иқдому ташаббус барои ба саҳнаи адабиёт бештар ва муваффақона ворид гардидани С. Улуғзода заминаи муҳим арзёбӣ мешавад. Маҳз ҳамин тарҷума, ки худ бо дастгирии устод С. Айнӣ баъдан ба нашр расид, аз тарафи сардафтари адабиёти муосири тоҷик баҳои басо баландро ба қалам ва ҳунари эҷодии С. Улуғзода муқаррар намуд…

Хонандагон китоби мазкурро метавонанд дар Китобхонаи маиллӣ мутолиа кунанд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.