Китоби нав. Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ. “Донишномаи мухтасари бузургони форс- тоҷик (асрҳои VII—XV)”
«Омӯхтани зиндагиномаи шахсиятҳои сарсупурдаи миллат ва чеҳраҳои баргузидаи адабӣ имкон медиҳад, ки решаҳои худро аз гузашта дарёфт намоем, ба онҳо пайванд доштани хешро эҳсос карда, ба хотири номуси ватандорӣ ном ва корномаҳои онҳоро аз нав зинда гардонем ва ба фарзандони халқи далерамон бо ифтихор дар бораашрн ҳарф занем.
Шинохти таърих ва ҳикмату фарҳанги оламгири ниёгон ба хотири муаррифии мақоми ҷаҳонии миллати мо мебошад. Он дар худогоҳӣ ва ҷустуҷуҳои таърихию миллии тоҷикон марҳалаи комилан тозаро ба вуҷуд овардааст. Мо бояд ба ояндагон зарурати донистаи гузаштаи худро талқин намоем ва онҳоро аз саҳифаҳои дурахшони миллатамон, ки сабаби бузурги худогоҳӣ мебошанд, огоҳ созем ва дар қалбашон меҳру мухаббат, садоқату вафодориро бедор намуда, ба онҳо аз ин таърихи пуршараф ифтихор карданро ёд диҳем, зеро эътиқод ва эътимод доштан ба таърих, фарҳанг ва адабиёт такягоҳи устувори миллат ба шумор меравад.»
Китоби донишманди маъруф, Сармуҳаррири сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик НУРМУҲАММАД АМИРШОҲӢ “Донишномаи мухтасари бузурони форсу тоҷик (асрҳои VII – XV)” бо ҳамин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз мешавад.
Дар китоб маълумоти мухтасари энсиклопедӣ роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти бузургони асримиёнаии Форс-тоҷик (асрҳои VII—XV) ба тартиби хронологӣ оварда шудаанд.
Навиштаҳо дар хусуси мавқеъ ва манзилати ҳар фарди таърихӣ, аслан, дар камоли маънӣ ва мунтаҳои ихтисор омаданд.
Китоби “Донишномаи мухтасари бузурони форсу тоҷик (асрҳои VII – XV)”-соли гузашта, ба теъдоди 1000 нусха чоп шудааст ва шумо метавонед онро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи Гулистон Лундишоева,
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.