Китоби нав. Раҳмат Назрӣ: “Як боғ пари товус”. (Ошиқонаҳо)
Китоби Шоири халқии Тоҷикитсон Раҳмат Назрӣ “Як боғи пари товус” соли ҷорӣ нашр шудаву ҳамакнун дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолиа аст. Тавре дар муаррифии мухтасар омадааст, дар маҷмӯаи «Як боғ пари товус» аз чамани илҳоми Шоири халқи Точикистон устод Раҳмат Назрӣ шеърҳои соф ошиқона гулчин шудаанд.
Эҳсоси пок ва андешаҳои неки адиби маҳбуб дар шаклҳои гуногуни манзум мавзун ба қалам омадаанд, ки дар пояи баланди ҳунарӣ қарор доранд.
Аз ин роҳову сӯзҳову созҳо ҳаводорон чеҳраи худро дар оинаи оинҳои мардумӣ мебинад. Аз овои шоири ошиқ оҳангҳои иҷтимоиро низ метавон шунид.
Раҳмат Назрӣ соли 1951 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Дар мактаби миёнаи рақами №7-и зодгоҳаш таҳсил дошт . Соли 1973 бахши рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба итмом мерасонад.
Аз дувоздаҳсолагӣ шеър мегӯяд. Нахуст шеъри ӯ соли 1966 ҳангоми мактабхониаш дар маҷаллаи «Машъал» ба табъ мерасад. Соли 1977 маҷмӯаӣ аввалини ашъораш «Барги сабз» бо кушоишномаи устод Боқӣ Раҳимзода аз чоп мебарояд. Сипас маҷмӯаҳои ашъори ӯ «Ситораи рӯз», «Лолаи оташ», «Сарнавишт», «Меҳроб», «Ҳафтранг», «Садои хомӯшӣ», «Ситораборон», «Чилчароғ», «Дида ба дида », «Ширмаҳтоб», «Замзама», «Ҷон ба ҷон», «Ситораи раҳнамо», «Лангар», «Ниёиш», «Меҳвари меҳр» ва ғайра интишор ёфтаанд.
Раҳмат Назрӣ соли 1988 барои китоби «Сарнавишт» ба Ҷойзаи комсомоли Тоҷикистон, соли 1933 барои китоби «Меҳроб», ба Ҷойзаи адабии Мирзо Турсунзода, соли 2000 барои силсилаи дубайтиҳои «Хирмани моҳ» ба Ҷоизаи давлати ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва соли 2003 ба унвони Шоири халқии Тоҷикистон мушараф шудааст .
Дар маҷмӯаи «Як боғ пари товус» аз чамани илҳоми Шоири халқи Точикистон устод Раҳмат Назрӣ шеърҳои соф ошиқона гулчин шудаанд. Эҳсоси пок ва андешаҳои неки адиби маҳбуб дар шаклҳои гуногуни манзум мавзун ба қалам омадаанд, ки дар пояи баланди ҳунарӣ қарор доранд.
Аз ин роҳову сӯзҳову созҳо ҳаводорон чеҳраи худро дар оинаи оинҳои мардумӣ мебинад. Аз овои шоири ошиқ оҳангҳои иҷтимоиро низ метавон шунид.
Гулистон ЛУНДИШОЕВА,
сармутахассиси шуъбаи
мукаммалгардони фонд.