Идома озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”. Суҳбат бо Маликаи Сайвализода ва Камила Лаъҷубаева

Таи чанд рўз дар Китобхонаи миллӣ иди китобу китобхонист ва тарғибу ташвиқи офаридаи бузурги башар, яъне китоб. Ва сабабгори ин ҷамъият, ки аз китобҳои хондаашон мегӯянд ё баҳри тамошои озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» омадаанд, маҳз ҳамин озмуни бонуфуз аст.

Ин гуна озмунҳо ба китобхонии мадум мусоидат хоҳанд намуд ва ин аз суҳбатҳои довталабон ҳис мегардад. Ҳадафи аксари ширкатдорон нишон додани истеъдоду дониш ва пайдо кардани дўстони китобхон аст.

Ба гуфти иштирокдори ин сабқат Маликаи Сайвализода- хонандаи синфи 11 мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кўлоб, ки дар кӯлбораш донишҳо аз хирмани маърифати Рўдакиву Ҷомиву Саъдиву Мавлавиро ҷамъ овардааст, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳандозии ин озмун тавонист аз қаъри баҳри дониш гавҳарҳои пурҷило, истеъдодҳои нодиру нотакрорро рўи об барорад.

Ҳамсуҳбатам аснои суҳбат сухани адиби тавонои тоҷик Абдулҳамид Самадро ба хотир овард:

«Адабиёт табиати баҳрро дорад. Барои поксозӣ ва аз худ ба соҳил афкандани ғаждиву наҷосат гоҳе ба шўр меояд, бо печу тоби муқтадираш худро аз ифлосиҳо мераҳонад, поку шаффоф месозад. Ва пас ончунон орому пурҷило мегардад, ки дар қаъри синааш ҳар санг ба монанди дурру гуҳар басо зебову дилкаш медурахшад».

Манзури ин довталаби озмун дониши худро сайқал додан ва дўстони нави китобхону китобдўст пайдо кардан будааст.

Маликаи Сайвализода зиёда аз 44 асарро мутолиа карда, ҳамзамон беш аз 130 ғазали мукаммал, 156 рубоӣ ва дубайтӣ, 104  қасида, 192 достон ва ғайра ба доварон пешниҳод кардааст.

Адабиёти классикӣ фалсафаи худро дорад. Ва ҳар нуктае ,ки дар китобҳо менависанд маънии баланд доранд, хостам аз ин маъниҳо воқиф бошам, мегўяд Малика.

Соли сеюм аст, ки Малика то даври ҷумҳуриявии ин озмун иштирок мекунад.

-Модарам омўзгор аст ва маро дар ин озмун падару модарам ва омўзгорони муассисаамон омода карданд ва онҳо ҳастанд, ки ҳар як луғат барои ман нофаҳмо бошад ба ман ёрӣ мерасонанд.

Камила-ЛаъҷубаеваКамила Лаълҷубаева аз дигар ширкатдорони озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад, ки китобҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва нависандаи кўдакон Азиз Азизро меписандад.

Ба гуфтаи Камила Лаълҷубаева, набераи Шоири халқии Тоҷикистон Лаълҷубаи Мирзоҳасан дар бахши насри номинои эҷоди назму наср шират варзидааст, то қувваозмоӣ намояд ва донишҳои омўхтаашро рушд бубахшад.

Камила хонандаи синфи 10-и ноҳияи Роштқалъа асту ба озмун 5 ҳикоя, 8 афсона ва 4 эссе пешниҳод кардааст. Мавзуҳои навиштаҳои Камиларо ахлоқу адаб, зираку чолок будан ташкил медиҳад.

Ҳамсуҳбати мо дар оянда нависанда шудан мехоҳад ва ин аст, ки китобҳои насриро зиёд мутолиа мекунад. Зеро барои нависанда шудан бояд хонандаи хуб буд, яъне китобхони хуб бояд буд.

-Умед дорам ки бештар китоб бихонам, гуфт вай дар фарҷоми суҳбат.

Раҳима АЪЗАМ, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.