Китоби нав. “Рисолати давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”

Рисолати давлатдории Эмомалӣ РаҳмонКитоби Раҳимзода Р.Ҳ. “Рисолати давлатдории давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” ба рисолату масъулият, нақши шахсият дар таърихи давлатдорӣ, фазилат ва ҳикмати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории миллӣ таъмини амният, суботи сиёсӣ ва рушду нумуи кишвар бахшида шудааст.

Китоб фарогири фаъолияти ҷамъиятиву сиёсии Сарвари давлат буда, дар самти омӯзиши ҷанбаҳои мухталифи мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон таълиф гардидааст.

Китоб барои олимону коршиносон ва сиёсатмадорон, докторантон, аспирантону унвонҷӯён, донишҷӯён ва доираи васеи хонандагон, ки ба масъалаҳои таърихи давлатдориҳои тоҷикон, бахусус раванди ташаккул, рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва саҳифаҳои дурахшони таърихи Ватани азизамон – Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд, муфид хоҳад буд.

Муаллим китоби худро бо ин суханони пурарзиши собиқ Дабири кулли СММ Пан Ги Мун оғоз кардааст: “Шумо роҳбари давлате ҳастед, ки ман ба он эҳтироми хосса дорам. Шумо ташаббусҳои шахсии ман, инчунин Созмони Милали Муттаҳидро ҳамеша дастгирӣ менамоед. Иштироки Шумо (дар ҷаласаҳои СММ) ҳамчун роҳбари ташаббускор ва ҷонибдори ибтикорҳои СММ ба ҳалли масъалаҳои баррасишаванда мусоидат хоҳад намуд”.

Таҷрибаи пурғановати таърихи башарият собит месозад, ки пешрафти ҳар миллату давлат ба нақши шахсиятҳои барҷаста вобастагии амиқ дорад. Барои англисҳо Уинстон Черчилл, барои фаронсавиҳо Шарл де Голл, барои кубагиҳо Фидел Кастро, барои ҳиндуҳо Маҳатма Ганди, барои русҳо Пётри Кабир, барои чиниҳо Мао Сзэдун, барои туркҳо Мустафо Камол Отатурк, барои ветнамиҳо Ҳо Ши Мин, барои мардумони форсу тоҷик Куруши Кабир ва Исмоили Сомонӣ шахсиятҳое буданд, ки давлату давлатдорӣ ба номи онҳо вобаста аст.

Ятимов С. С. баръало дуруст қайд менамояд, ки саҳми инсон дар таърих аз муҳимтарин масъалаҳои омӯзиш, таҳқиқ, арзёбӣ ва хулосабарорӣ мебошад.

Дар ҳар сурат, назария ва амалияи тақдири кишварҳои олам, мувофиқи ақидаи Софокл, инсонро ҷузъу муаянкунандаи бунёди давлат ва такондиҳандаи ҳодисаҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла, рушди давлатдорӣ эътироф менамояд. Ин фоҷианавис ва драматурги бузурги Юнони Қадим таъкид мекунад: “Дар дунё қувваҳои бузург бисёранд. Аммо бузургтар аз Инсон дар табиат дигар неруе нест. Ӯ дар олам ғолибона қадам мезанад, тамоми намуди қувваҳоро тавассути ақлу фаросати одамӣ паси сар мекунад. Лекин боз зӯрии Ақли Инсон дар он аст, ки ояндаро ҳушмандона пешгӯӣ карда метавонад”.

Омӯзиши сифатҳои шахсият воситаи муҳимми дарки воқеияти имрӯз ва ояндабинии ҷараёни пешрафти ҷомеа мебошад. Ба хотири он ки тибқи таъкиди нобиғагони классик “таърих чизе нест ба ҷуз фаъолияти ба мақсад нигаронидашудаи инсон”.

Яъне фаъолияти раҳбари сиёсии ҷомеа, ки бо амри тақдир масъулияти сарварии миллат ба дӯши ӯ меафтад, дар доираи ду омил – моддӣ ва маънавӣ маҳдуд аст.

Имрӯз чунин рисолати давлатдории тоҷикон бо номи чеҳраи мондагори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад.

Чеҳраҳое, ки дар боло номбар кардем, барои давлату миллати худ саҳми арзанда гузошта бошанд ҳам ҳар яки онҳо қаблан аз мактабҳои идоракунӣ, давлатдорӣ ва сиёси гузошта, тақрибаи хосро доро буданд ва дар ин замина зимоми давлатдориро ба уҳда гирифтаанд.

Аммо Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун чеҳраи ҷаҳонтоби миллат ҳанӯз дар айёми ҷавонӣ ва вазъияти даҳшатбори таърихи миллат бе дарназардошти гузаштан аз чунин мактабҳои идоракунию давлатдорӣ ва сиёсӣ зимоми давлатдориро ҷасурона ба уҳда гирифта, умеди дирӯзу имрӯз ва фардои миллат гардиданд ва мактаби идоракунии худро бунёд намуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки офарандаи Тоҷикистони навбунёд муаррифӣ мегарданд, дар соҳаи идоракунии давлатӣ техналогияҳои муосирро таҳия ва татбиқ намуданд.

Дуюм, агар аксари шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ дар шароити мавҷудияти ваҳдати миллӣ, пурқувват будани заминаи моддиву техникӣ, низоми комили иқтисодӣ ва дастгирӣ аз ҷониби дигар давлатҳои пуриқтидор идоракунии давлатро ба уҳда гирифта бошанд, Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити ниҳоят вазнину фалаҷгардидаи вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, касодии буҷети давлатӣ, шикасти фазои маънавӣ, бетарафӣ ва дурӯягии бархе аз роҳбарони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шиддатёбии равандҳои динию мазҳабӣ ва ғайра матонат ва далерӣ нишон дода, идоракунии давлатро ба дӯши худ гирифтанд.

Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди чунин вазъияти мушкилу мудҳиш барои барпо кардани давлати демократӣ, ягона, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, беҳтар сохтани ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон саҳми тақдирсоз гузоштанд. Дар таърихи инсоният ин иқдоми муфид ва нодире буд, ки бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити ниҳоят тақдирсози ҳарбиву сиёсӣ амалӣ карда шуд.

Ин дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад.

Сеюм, агар дигар давлатҳо ҳангоми ба даст овардани мустақилият ва истиқлол ба мухолифатҳои дохилӣ дучор нашуда бошанд ва дар шароити амнияту субот давлатдориро соҳибӣ карда бошанд, Пешвои миллати мо дар вазъияти бениҳоят мушкили ҳарбиву сиёсӣ, ҷамъиятӣ, оғози ҷанги харобиовари шаҳрвандӣ, ки халқи тоҷик чунин воқеаи нангинро қаблан надидааст ва он дар натиҷаи таъсири андешаҳои тундгароёнаи доираву неруҳои бадхоҳи хориҷӣ ба миён омад, ҷасорат нишон дода, идоракунии давлати навбунёди миллати куҳанбунёди тоҷикро ба уҳда гирифта, хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва аз миён рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷиконро аз байн бурданд ва бо азму талоши худ дар ҳар хонавода ҳукмфармо гардидани сулҳу салоҳ ва оромиро таъмин карданд. Дар чунин вазъ ва шароити таърихӣ рисолати идораи давлат ва берун баровардани он аз вартаи ҳалокати сиёсӣ ба дӯши ин шахси наҷиб вогузор гардид. Ҳол он ки дар чунин вазъияти даҳшатафзо аксари ходимони давлатӣ ва сиёсатмадорони ватанӣ аз иштирок дар ин саҳнаи барои миллати тоҷик тақдирсози таърихӣ ва барқарор кардани давлати навини тоҷикон ба тарсу ваҳм афтода, даст кашиданд.

Чорум ин, ки агар роҳбарони кишварҳои номбаршуда бо кумаки давлатҳои якдигар давлатро тараққӣ дода бошанд, Сарвари давлати мо бо маҳдудиятҳои зиёди давлатҳои наздик рӯбарӯ гардиданд, вале аз ин танқисиҳо низ мардонавор баромада, давлату миллатро аз мушкилиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бароварда тавонистанд.

Таҷрибаи зиндагӣ, истеъдоди худодод ва фазилату ҳикмати ин фарзанди фарзонаи миллат имкон фароҳам сохт, ки пеши роҳи паҳншавии падидаҳои зиддиинсонӣ ва таъсири манфии онҳо ҳам ба мамлакати азизамон ва ҳам ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон гирифта шавад.

Аз ин лиҳоз, мактаби идоракунии давлатии Эмомалӣ Раҳмон асос ва кафили рушди устувори Тоҷикистони азизамон гардид.

Мактаби давлатдории ин абарманди дунёи сиёсат имрӯз мақому манзалати сатҳи байналмилалӣ касб намуда, ҳидоятгари ҳалли мушкилоти башарӣ гардидааст.

Китоб. “Рисолати давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” соли ҷорӣ дар нашриёти “”ЭР-граф” ба теъдоди 2000 нусха чоп шуда, ҳоло дар Китобхонаи миллӣ низ қобили дарфту мутолиа аст.

Зебонисо Давлатова,
мутахассиси пешбари Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон