«Китобу ахбори т-тивол»-ривоятгари давлатдории Сосониён
«Китобу ахбори т-тивол» («Китоби ахбори муфассал») асари таърихии Абуҳанифаи Диноварӣ, ки ба забони арабӣ таълиф шудааст (асри 9). «Китобу ахбори т-тивол» бо равиши таърихнигории умумӣ нигошта шуда, муаллиф дар он воқеаҳои таърихиро бо сабки таркибӣ ва баёни ривоят аз офариниши олам то давраи хилофати Муътасим (833-842) шарҳ додааст.
Дар «Китобу ахбори т-тивол» доир ба таърихи давлатдории Сосониён, таърихи Мовароуннаҳр, ҳуҷуми туркҳо ба Эрон ва муборизаи Баҳроми Чӯбина бар зидди онҳо, ҳодисаҳои сиёсии аҳди Умавиён, наҳзати Абумуслими Хуросонӣ ва ғайра маълумоти нодир гирд оварда шудааст.
Диноварӣ дар вақти таълифи «Китобу ахбори т-тивол» аз ровиён (21 ровӣ), маъхазҳои таърихӣ, аз қабили «Хвайтанамак» («Худойнамак») ва ғ. истифода шудааст.
Соли 1887 аввалин нусхаи хаттии «Китобу ахбори т-тивол» дар Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) ёфт шуда, аз ҷониби шарқшиноси рус В.Р. Розен бо муқаддима нашр гардид (1888).
Баъдан қисмҳои баргузидаи «Китобу ахбори т-тивол» аз ҷониби шарқшиноси шӯравӣ А.И.Колесников ба забони русӣ тарҷума шуданд.
«Китобу ахбори т-тивол»-ро дар Эрон Содиқ Нашъат (1960) ва Маҳмуди Маҳдавӣ (1993) бо забони форсӣ тарҷума карданд.
Бозчоп аз Энциклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2022. – С. 181.
Муаллиф: Ғ. Ғоибов.
Таҳияи Зуҳро Иброҳимзода
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.