Китоби нав. «Рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол»

Рушди-фархангМураттиб ва муаллифи пешгуфтори ин китоб, ки ҷилди дуюм аз ин силсила мебошад, номзади илмҳои таърих Фирдавс Шарифзода буда, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода муҳаррири он аст.

Дар муқаддима аз ҷумла омадааст: Ҷилди дуюми китобномаи «Рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол» аз пешгуфтор, 6 қисм ва 4 зерқисм иборат буда, 3283 номгӯи осори тӯли солҳои 1991-2021 нашршударо, фаро гирифтааст. Ҷилди мазкур номгӯи маводи интишорёфтаи марбут ба соҳаҳои осорхонашиносӣ, бостоншиносӣ, китобшиносӣ, китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ, бойгонишиносӣ, мусиқишиносӣ, театршиносӣ, киношиносӣ, сиркшиносӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангиро инъикос мекунад.

Дар замимаи маводи ҷамъовардашуда ва таҳлили иҷмолии он ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар даврони истиқлол бо таъсири як қатор омилҳо ба рушди соҳаҳои номрафта шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Гулистон ЛУНДИШОЕВА,
сармутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.