Ошноӣ бо «Пирамард ва баҳр»-и Эрнест Ҳемингуэй

Китоби “Пирамард ва баҳр”-шаҳкори бузурги адабиёти ҷаҳон, ки ба қалами нависандаи бузурги амрикоӣ, барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт Эрнест Ҳеменгуэй навишта шудааст, соли 2012 бо дастгирии Сафорати Амрико дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи  миллии Тоҷикистон тарҷума ва бо ду забон: тоҷикӣ ва англисӣ чоп шуда буд.

Эрнест  Миллер  Ҳемингуэй  (1899-1961) нависанда, рӯзноманигори машҳури амрикоӣ, барандаи  ҷоиза Пулитсер ва Нобел дар соҳаи адабиёт мебошад. Ў дар кӯдакӣ ба моҳигирӣ ва шикор шавқ пайдо карда буд. Чунин шавқу  ҳаваси ў боиси он гардид, ки ҳангоми ба даст овардани маҳорати нависандагӣ асари машҳури худ «Пирамард ва баҳр»-ро соли 1951 дар Куба навишт ва дар соли 1952 он ба чоп расид, ки  аз ҷониби ҳаводорон ва адабиётшиносон баҳои баланд гирифтааст.

Пирамард-ва-бахр«Пирамард ва баҳр» (The Old Man and the Sea) асосан дар бораи моҳигири кубагӣ Сантяго ва муборизаи ӯ бо моҳии калоне, ки сайди аз ҳама бузург дар ҳаёташ маҳсуб мешавад, нақл мекунад. Эрнест Ҳемингуэй дар соли 1953 барои ин қисса ҷоизаи Пулитсерро ба даст оварда, соли 1954 барои асарҳои эҷодкардааш, аз ҷумла  «Пирамард ва баҳр»  сазовори ҷозиаи Нобели адабиёт мегардад.

Тӯли солҳо китоби мазкур ба забонҳои мухталифи  ҷаҳон тарҷума шуда, ниҳоят бо дастгирии Сафорати Амрико дар Душанбе  дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи  миллии Тоҷикистон соли 2012 нахустин тарҷумаи расмии китоби мазкур ба забони тоҷикӣ пешкаши хонандагони тоҷикзабон гардид.

Тарҷумаи тоҷикии ин китоб ба қалами тарҷумон Муҳаммадсалим Азизмуродов тааллуқ дошта, муҳаррири он адиби шинохтаи тоҷик Қодири Рустам мебошад.

Китоби мазкур натанҳо хонандагони тоҷикро бо ганҷинаи адабии амрикоӣ ошно месозад, балки ба ҳайси як маводи муҳими омӯзиши забони англисӣ низ раҳнамоӣ хоҳад кард.

«Пирамард ва баҳр» бо ду забон: тоҷикӣ ва англисӣ таҳти рақами 71035 дар шуъбаи адабиёти хориҷии Китобхонаи миллӣ  нигоҳ дошта мешавад. Хонандагон метавонанд аз воқеаҳои пурасрори пирамарди моҳигир ва баҳр аз наздик шинос шаванд.

Шакли электронии китоб ин ҷост: “ПИРАМАРД ВА БАҲР

Таҳияи Фирўза Таваралиева,
мутахассиси шуъбаи
адабиёти хориҷӣ.