Китоби нав. “Рушди забони давлатӣ дар партави гуфтугўи фарҳангҳо”
Маҷмуа маърузаҳои иштироккунандагони конференсия илмӣ- амалии байналмилалиро таҳти унвони «Рушди забони давлатӣ дар партави гуфтугўи фарҳангҳо», бахшида ба 30 –солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса фаро мегирад. Мавод ба ёрии омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, магистрантону докторантон, олимону мутахассисони соҳаи илмҳои филологӣ ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ тавсия мешавад. Маводи конференсия бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва фаронсавӣ таҳия гардидааст.
Дар муқаддима аз ҷумла о мадааст: Халқи тоҷику фаронсавиро якчанд омил ба ҳам мепайвандад. Аввал ин ки забонҳои тоҷикию фаронсавӣ шомили як оилаи забонҳо, яъне оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ мебошанд. Аз ин рў дар сохтори сарфу наҳви ин забонҳо, тарзи талаффуз ва задагузорӣ ва ҳамчунин яксонии решаи бисёре аз вожаю калимаҳои қадима во мехўранд. Аз ҷониби дигар забони фаронсавӣ тайи ин ду-се қарни ахир ба забони тоҷикӣ ҳам бевосита ва ҳам ба воситаи забони русӣ таъсиргузор будааст. Донишмандони маорифпарвари тоҷики асрҳои 19 ва ибтидои асри 20 шефтаи фарҳанги фаронсавӣ буданд ва дар осорашон калимаҳои фаронсавиро истифода менамуданд. Саромади маорифпарварони Осиёи Миёна Аҳмади Дониш, ки дар нимаи дуюми асри 19 ба Россия сафарҳо анҷом дода буд, дарк намуда буд,ки фарҳанги дар қиёс бо фарҳанги Бухорои амирӣ пешрафтаи Россия аз фарҳанги аврупоӣ, хосатан фаронсавӣ сахт баҳра бурдааст. Ў ошиқи шайдои Аделина Патти гардида, дар васфи ў шеър гуфта буд. Сониян дигар маорифпарвари тоҷик Мирзо Сироҷи Ҳаким, ки соли 1902 ба як қатор кишварҳои аврупоӣ аз ҷумла Австрия, Олмон, Фаронса ва Англия рафта буд, дар асари худ «Туҳфаи аҳли Бухоро» ба завқи том аз Фаронса ва шаҳрҳои пешрафтаи он чун Парижу Марсел нақл мекунад. Аз ҷумла, номбурда Парижро калонтарин ва тараққиқардатарин шаҳри рўи олам мешуморад. Ў Парижро ба корхонаи одамсозӣ ташбеҳ медиҳад ва мардуми Аморати Бухороро барои омўхтани забони франсавӣ ва пайравӣ кардан ба фарҳанги он даъват менамояд.
Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва кушода шудани сафорати Фаронса дар Тоҷикистон имконияти фарохи ҳамкориҳои гуногунҷанба пеш омад. Бинобар ин, бо ташаббуси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар ниҳоди кафедраи забони франсавии ДДОТ ба номи С.Айнӣ Ҷамъияти дўстии «Точикистон-Франсия» соли 2014 дубора эҳё карда шуд,ки раиси он соҳиби ин сутур аст.
Тамоми чорабиниҳои илмию таълимӣ ва фарҳангии ба забону фарҳанги Фаронса дахлдошта дар ҳамоҳангӣ бо сафорати Фаронса дар Тоҷикистон, маркази фарҳангии «Бохтар», мактабҳои олию миёнаи дар онҳо забони фаронсавӣ омўхташаванда баргузор мегарданд. Солҳои охир саҳми сафорати Фаронса дар ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ дар Тоҷикистон баѓоят калон аст. Ҳафтае нест, ки ягон чорабинии фарҳангӣ, таълимӣ ва ё илмӣ бо ташаббуси сафорати Фаронса дар сафорати Фаронса ё резиденсияи сафорат ва ё ин ки дар ягон мактаби олӣ, хусусан ДДОТ ба номи С.Айнӣ ва ё дар ягон ҷои дигар баргузор нагардад. Намоиши филмҳои фаронсавӣ дар шаҳри Душанбе кайҳо муд шудааст. Дар ҳар гуна кинотолорҳо ва дар бинои худи сафорати Фаронса ҳар моҳ намоиши як филми фаронсавӣ як қатор фаронсавизабонони шаҳри Душанберо гирди ҳам меоварад.
Аз соли 2003 сар карда, то имрўз ҳар сол рўзи байналмилалии «Франкофония» дар Тоҷикситон, хусусан дар Донишгоҳи омўзгорӣ ва дигар мактабҳои олии шаҳри Душанбе бо як шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Дар таҷлили санаҳои фархунда ва идҳои фаронсавӣ дар Тоҷикистон саҳми сафирони Фаронса дар Тоҷикистон беназир аст. Тавре гуфта шуд, аз соли 2003 сар карда, сафири Фаронса чун Пьер Андриё, Анри де Фабиани Зиппер, Оливье Метлен Пэлэн, Дидие Леруа, Ясмин Гуедар ва Мишел Тарран барои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи бисёрсамта кўшиши зиёд ба харҷ додаанд. Чорабиниҳои фарҳангию илмӣ дар давраи Мишел Таран ба мартиб афзуд, ки ин гувоҳи боз ҳам наздик шудани фарҳанги фаронсавӣ ба фарҳанги тоҷик аст. Бо ташаббуси Мишел Тарран дар баробари ҷашни байналмиллалии «Франкофония» акнун иди муаллимони забони франсавӣ низ таҷлил карда мешавад ва омўзгорони мактабҳои олӣ ва миёнаи Точикистон аз ҳама гўшаю канори мамлакат ба ин чорабинӣ даъват мегарданд. Соли дуюм аст, ки ин чорабинӣ баргузор гардида, ду ҳафта идома меёбад. Дар ҳафтаи аввал дар факултети забонҳои романӣ-германии Донишгоҳи омўзгорӣ муаллимони забони франсавии мактабҳои олии шаҳри Душанбе бо иштироки омўзгор аз Фаронса аз такмили ихтисос мегузаранд ва дар ҳафтаи дуюм бошад омўзгорони забони фаронсавии мактабҳои миёна ба такмил фаро гирифта мешаванд. Дар охир чорабинии тантанавӣ ва идона ташкил карда мешавад ва ба иштирокчиён сертификат медиҳад. Ин чорабинӣ низ ба рўҳияи омўзгорони забони фаронсавӣ такони мусбат мебахшад.
Дар заминаи тамоми чорабиниҳои дар боло зикршуда чунин эҳсосоте пайдо мешавад, ки омўзгорону омўзандагони забони фаронсавӣ дар Тоҷикистон танҳо набуда, онҳо ҷузьи як оилаи бузургу қавианд. Дар ҳақиқат метавон гуфт, ки солҳои охир сафорати Фаронса дар Тоҷикистон тавонист,ки бо истифода аз қувваи фаронсавизабонони Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе як муҳити зинда, як фазои фаронсавиро ташкил намояд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои дўстонаи дуҷониба шароити мусоид мавҷуд аст ва дар оянда аз ин барои манфиатҳои дуҷониба самарнок истифода бояд бурд. Дар давоми 30 соли ҳамкориҳо корҳои зиёде дар самтҳои гуногун, аз ҷумла илму маориф ба анҷом расидаанд ва орзу дорем, ки муносибатҳои дўстонаи дипломатии Тоҷикистону Фаронса дар оянда поянда боқӣ мемонанд ва дар партави ин муносибатҳои дипломатӣ муносибатҳои дўстонаи илмию фарҳангӣ низ рушду камол меёбанд.
Китоби “Рушди забони давлатӣ дар партави гуфтугўи фарҳангҳо”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи Шарофат Мирзоева.
илмӣ-таҳқиқотӣ