Китоби нав. “Солфеҷио” (маводи назарявии таълимӣ)
Муаллифони ин китоб Хосият Шарипова ва Саидмаҳмуд Саидҳомидов мебошанд, ки барои хонандагони муассисаҳову коллеҷҳои санъат ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ навиштаанд.
Китоби мазкур маводи пурраи назариявии курси солфеҷиоро дар бар мегирад. Қоидаҳои фанни солфеҷио дар асоси қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, бо забони содаву фаҳмо пешниҳод шудаанд, ки аз худ намудани мавзуъҳоро осон мегардонад ва барои ҷавоб ёфтан ба ҳама гуна суолҳое, ки аз фанни омўхташаванда бармеоянд, кўмаки амалӣ мерасонад.
Ислоҳоти назариявӣ хеле содаву фаҳмо бозгў шудаанд ва ин имкон медиҳад, ки фаҳмиши онҳо барои ҳам хонандагон ва ҳам донишҷўён дастрас бошад.
Китоби мавзуъҳои зерин : “Тарзи навиштани нотаҳо”, “Зарб”, “Соз ва лаҳн”, “Фосилаҳо”, “Сеовозаҳо”,”Септаккордҳо” – ро дар бар гирифта, дар охир машқҳои санҷишӣ барои таҳкимбахшии мавзуъҳо оварда шудаанд.
Китоби “Солфеҷио” барои хонандагони муассисаҳои махсуси мусикӣ, коллеҷҳои санъат ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Ду нусха аз китоби мазкурро яке аз муаллифон – мудири кафедраи санъатшиносӣ ва назарияи мусиқии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Саидмаҳмуд Саидҳомидов бо соядасти худ ба Шуъаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ тақдим намуд.
Хонандагон азиз метаовнанд “Солфеҷио”-ро дар толори хониши шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар мутолиа кунанд.
Саодат НАБИЕВА,
сармутахассиси шуъбаи
адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.