Китоби нав. “Таърихи Россия дар давраи империя”
Ин китоб бо тавсияи Шўрои илмӣ-методии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ба табъ расидааст. Муаллифон: Сайнаков С. П., Меъроҷиддини Н., Мирзоев Ф. А., Наҷмуддинов Т. А. буда, ҳамин сол ба истиқболи 30-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нашр шудааст. Китоб ба тозагӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид шудаву ҳоло барои мутолиа ба хонандагон дастрас аст.
Дар пешгуфтор аз ҷумла мехонем: Маводи таълимии мазкур оид ба Таърихи Россия дар давраи империя бахшида шуда, натиҷаи фаъолияти таълимӣ-методии муаллифон дар мактаби олӣ мебошад.
Дар курси мазкур аввал ба таври мухтасар вазъи сиёсии Россия то давраи оғози ҳукмронии Пётри Кабир оварда шуда, баъд масъалаҳои раванди таъсисёбии империя, рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ, сиёсати дохилию берунӣ, муборизаҳои табақавӣ, таърихи раванди афкори ҷамъиятии халқи рус ва ҳаракатҳои инқилобию муборизаҳои озодихоҳӣ дар давраи пўсидашавии сохти феодалӣ ва ташаккулёбии сохти сармоядорӣ дар мамлакат, инчунин рафти барҳамхўрии империяи Россия инъикос гардидааст
Курси лексия ҳолати имрўзаи илми таърихи Россияро инъикос намуда, ҳангоми таҳия намудани он аз адабиёти дарсии замони Шўравӣ, тадқиқоти илмӣ ва адабиёти дарсии замони муосир васеъ истифода шудааст.
Курси лексия барои донишҷўёни факултетҳо ва бахшҳои таърихи донишгоҳҳо ва коллеҷҳо пешкаш мегардад. Он давомдиҳандаи курси таърихи Россия аз замонҳои қадимтарин то охири асри XVII буда, аз рўи масъалабандии воқеияти замон ба бобу зербобҳои алоҳида тақсим карда шудааст.
Маводи мазкур дар заминаи ду курси лексияҳои пешинаи «Таърихи Россия (охири асри XVII – ибтидои асри ХХ)», ки аз ҷониби муаллифон солҳои 2013, 2014 нашр гардида буд, омода гардида, ба он илова ворид шуда, шакли таҷдиду такмилёфта мебошад.
Албатта мураттибон – муаллифон ҳаргиз даъвои онро надоранд, ки маводи мазкур аз камбудию нуқсонҳо орист ва онҳо омодаанд, эроду мулоҳизоти беғаразонаи мутахассисону хонандагони закиро бо эҳтиром қабул намуда, дар минбаъда боз онро такмил диҳанд.
Таҳияи Фирӯза Маҳмадҷонова, мутахассиси Маркази такмили ихтисос