Китоби нав. Таваралӣ Ғаниев: “Менеҷмент. Роҳбарии маркетингӣ (Китоби XVII)

Таваралӣ-ҒаниевИн китоб ба тозагӣ нашр шудааст ва тавре аз номаш пайдост, як китоби дарсӣ дар бораи менеҷмент ва роҳбарии маркетингист. Дар муаррифии китоб омадааст:

Китобҳои дарсии Менеҷмент аз 17 қисм, 149 боб, 850 мавзуи муҳими менеҷменти муосири касбӣ, зиёда аз 3,400 сарчашмаи адабиёт, саволҳои санҷишию тестӣ, панду андарзҳои мутафаккирони бузургу таърихии форсу тоҷик ва андешаҳои илмии донишмандони замони муосир, зиёда аз 4,000 саволу ҷавоб ва ахтарони дурахшони роҳбарӣ иборатанд.

Дар ин китобҳо масоили илмӣ – назариявии менеҷмент, ташкили фаъолиятҳои дурусти идоракунӣ, масоили санъату хиради роҳбарӣ, ташкили идоракунии касбии равониву иқтисодӣ, ҳидояти расидан ба хештаншиносӣ ва пешвоӣ дар роҳбарӣ, вақтшиносӣ ва асосҳои назариявии мактабсозиву сарварсозӣ, таълимоти бефосилаи касбӣ – электронӣ ва ташаккули менеҷменти муносибатҳои байналмилалӣ дар корпоратсияву ширкатҳои байналмилалӣ ва корхонаву муассисаҳои ватаниву хориҷӣ пешниҳод шудаанд. Инчунин, назари донишмандони тахрихии форсу тоҷик оид ба рушду ташаккули илму санъату хирад ва хештаншиносиву оинасозии роҳбарӣ, фарҳанги сарватшиносиву созандагӣ, ташаккули стратегияи тамаддусозӣ ва роҳбарии маркетингӣ дар замони ҷаҳонишавии бозори ҷаҳонии иқтисодӣ дар асри XXI оварда шудааст.

Моделу барномаҳо ва тарзу усули системавии навини таълимоти бефосилаи касбӣ – электронии роҳбарӣ дар равишҳои ноотехникиву ноотехнологӣ ва ноотилоотиву нооиртиботии электронии менеҷменти тамаддунсози байналмилалӣ, роҳбари стратегии ҳайати кормандон, ҳамчун асоси рушди устувори роҳбарии маркетингӣ дар шароити иқтисоди бозори ҷаҳонӣ, идоракунии стратегии техникиву технологии маркетингии электронӣ дар хати интернетӣ ва тарзу усулҳои роҳбарии сегментатсиониву брендии бозори муосир, инчунин равишҳои инноватсионии бозорёбиву рақобатпазирии электронӣ дар рушди ноономикӣ, ноотехнологӣ, ноотехникӣ, иқтисоди донишҳову зеҳнҳо, иқтисоди рақамӣ, иқтисоди сабз ва дигар равишҳои навини тамаддунсозии системаҳои инноватсионии рақобатпазирӣ дар ояндабинии идоракунии менеҷменти электронии маркетингии асри XXI, мавзуҳои асосии омўзишиву таълимии китобҳои дарсии мо мебошанд.

Таҳияи Фарҳоди САЛИМ,
шуъбаи мукаммалгардонии фонд