Китоби нав. “Ҳуқуқи экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Китоби дарсии мазкур дар асоси талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва барномаи таълимии  ҳуқуқи экологӣ таълиф гардида,  фарогири масъалаҳои мубрами илмӣ, назариявӣ ва амалии ҳуқуқи экологӣ аз ҷумла, танзими ҳуқуқии талаботҳои экологӣ оид ба истифода ва ҳифзи замин, об, ҷангал, сарватҳои зеризаминӣ, оламу набототу ҳайвонот, ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда, ҳавои атмосфера, муомилот бо партобҳо, таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ, талаботҳои экологӣ ҳангоми ҷойгиркунӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид, азнавсозӣ, мавриди истифода қарор додани корхона, иншоот ва дигар объектҳо ва ҳуқуқи экологии байналмилалиро дар бар мегирад.

 Муаллиф Муҳаммадҷон Соҳибзода ба ин назар аст, ки дар ҷараёни таълифи китоби мазкур адабиёти муосири таълими – илмӣ, ҳамчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ҳолати то 1 январи соли 2022 истифода гардидааст. Китоби дарсии таълифгардида барои ҳуқуқшиносон, экологҳо, иқтисодшиносон, кормандони амалия, шахсони ҳуқуқӣ, кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷўён, магистрҳо, унвонҷўён, аспирантҳо, кормандони илм ва ҳамаи шахсоне, ки ба омўзиши ҳуқуқи экологӣ ва қонунгузории он таваҷҷуҳ, доранд, тавсия карда шудааст.

Дар китоб аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21 декабри соли 2021 чанд иқтибос оварда шудааст. Аз ҷумла:

«Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати рушди энергетикаи «сабз» бояд то охири соли 2022 Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро  қабул карда, татбиқи онро таъмин намояд».

***   ****   ****   *****

«Инчунин, бо мақсади ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани иқтисоди миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани васъи экологии мамлакат воридоти нақлиёти барқӣ ба кишвар, яъне электромобилҳо, электробусҳо, тролейбусҳо ва монанди инҳо аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод карда шаванд».

***   ****   ****   *****

            «Бар замми ин, бо мақсади дастгирӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ, бахусус, хушксолӣ ва обхезӣ, паҳншавии бемории КОВИД-19 дар ду соли охир ва пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо кишоварзони мамлакат дар соли 2021 аз пардохти андоз аз истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, яъне андози ягона озод карда шавад».

***   ****   ****   *****

«Вобаста ба тағйирёбии иқлим, баландшавии бесобиқаи ҳарорати миёнаи кураи Замин ва пайомадҳои манфии он барои ҳаёти инсон, олами ҳайвоноту наботот ва пиряхҳои кишвар олимони мо омўзиш, таҳқиқ ва мониторинги доимиро дар ин самтҳо ба роҳ монда, роҳу усулҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро якҷо бо олимони минтақа ва ҷаҳон коркард ва амалӣ намоянд».

 

***   ****   ****   *****

«Кишвари мо ҳоло дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла дар масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва ҷинояткории мутшаккили фаромиллӣ саҳми арзишманд дорад».

 

***   ****   ****   *****

«Ҳамзамон бо ин, масъалаи тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати талошҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчунин мушкилоти ҷиддии замони муосир мавриди таваҷҷуҳи хоси кишвари мо қарор гирифтааст».

Китоби “Ҳуқуқи экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон”- ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

 

Таҳияи Шарофат Мирзоева.