Китоби нав: “ВАҲДАТ, ДАВЛАТ, ПРЕЗИДЕНТ” Ҷилди XXXV
Дар ин китоб мақолаҳое фароҳам омадаанд, ки муҳтавои усулиашон татбиқи сиёсати ваҳдатсоз ва сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи мардуми тоҷик имкон фароҳам овард, ки дар тамоми самтҳо чӣ иқтисодӣ ва чӣ иҷтимоӣ пешравиҳои назаррас ба вуҷуд ояд ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи устувор гузошта шавад.
Дар китоб сараввал Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ ва Суханронии Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” фароҳам омадаанд.
Афзун ба ин, бархе аз мақолоти ин маҷмӯа дар доираи ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли 2025 – соли байналмилалии пиряхҳо” таълиф шуда, паҳлуҳои гуногуни ин масъала аз ҷониби муаллифони мақолаҳо мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтаанд.
Китоб барои сиёсатшиносон, низоъшиносон, мутахассисони соҳаи оби тоза, муҳити зист ва тағйирёбии иқлим, инчунин доираи васеи хонандагон тавсия дода мешавад.
Ҷилди 35-уми китоби “Ваҳдат, Давлат, Президент”-ро дар толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ дастрас ва мутолиа карда метавонед.
Бунафша Раҳмонова
Медиатекаи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон