Китоби нав. Забони адабии муосири тоҷик

Забони-муосирМуаллифони китоби мазкур Н. Ёраҳмадова, З. Ёқубова ва А.Шосаидов буда, дар асоси барномаи таълимии фан бо назардошти талаботи низоми кредитии таҳсилот ва барномаи кории фан тартиб дода шудааст. Дар он мавзуъҳои таълимӣ, номгӯи маъҳазҳо ва адабиёти ҳатмие, ки донишҷуён мутолиа карда, ёдошт менависанд, машқҳои зиёде барои машғулиятҳои амалӣ бо супоришҳои  граматикӣ ҷой дода шудаанд.

Инчунин барои корҳои мустақилона ва санҷишӣ матнҳо аз асарҳои адибони муосир ва классикиву мардумӣ гулчин карда шудаанд. Китоб барои омӯзгорон ва донишҷӯёни ихтисоси филологияи тоҷик пешбинӣ  шудааст.

Дар пешгуфтори китоб ом адааст: Яке аз аломатҳои шахси бомаърифат он аст, ки ӯ пеш аз ҳама, бояд забон модарӣ ва таърихи миллати худро, новобаста аз касбу ихтисосаш ,худ донад ва ба онҳо дар баробари дигар арзишҳои волои миллӣ арҷ гузорад.

Забони адабии тоҷик-забони миллати тоҷик ва асоси маданияти миллии он маҳсуб меёбад  ва дар ҳамаи  соҳаҳои ҳаёту фаъолияти халқ бо таври васеъ истифода мешавад.

Ҳар як забони таърихи бо худ хос дорад  Забони тоҷикӣ низ таърихи  қадима  дошта, дар тӯли асрҳои зиёди мавҷудияташ аз ҷиҳати таркибу сохти граматикӣ тағйироти зиёдеро аз сар гузаронидааст. Дар давраҳои алоҳидаи таърихӣ баъзе унсурҳои ноустувор аз доираи истеъмоли умум хориҷ шуда. Ба ҷойи онҳо ҷузъҳо, таркибу таъбирҳои умумиистеъмол ворид мешаванд. Аз ин рӯ, таърихи инкишофи забони тоҷикӣ бо таърихи халқи тоҷик, ба ҳаёти сиёсӣ  иҷтимоӣ  ва мадании он робитаи зич дорад. Натиҷаи аз сар гузаронидани давраҳои муайян хоси худро доро буда, забони ҳуҷҷатнигорӣ, таълим, илм, матбуот, театр, радио, телевизион ва адабиёти бадеӣ гардидааст

Ҳаёти имрӯза ва мақоми имрузаи забонӣ тоҷикӣ боз ҳам таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад. Ҳамаи ин, пеш аз ҳама, масъулияти мо – омӯзгорони фанни забони тоҷикиро, чи дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва чи дар муассисаҳои таҳсилоти миёна бештар мекунад.

Муаллифон дар идома менависанд, ки китоби мазкур давоми мантиқии китоби аввала буда, ба мавзуи таълими ҷумлаҳои  мураккаб бахшида шудааст. Дар ин китоб дар баробари овардани муҳтавои назариявии мавзуъҳо (бо риояи меъёри пайдарҳамӣ) машқ ва матнҳои зиёде  аз осори адибони гузаштаю имруза, аз эҷодиёти мардумӣ ҷамъ оварда шудаанд, ки мазмунан  шавқовар ва диққатҷалбкунанда буда, масъалаҳои гуногуни ҳаётро дар бар мегиранду хусусияти маърифатию тарбиявӣ доранд. Ҳамаи маводи таълимӣ бо супоришҳои грамматикӣ ҷо ба ҷо гузошта шудаанд.

Китоби “Забони адабии муосири тоҷик”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Гулистон ЛУНДИШОЕВА,
сармутахассиси  шуъбаи
мукаммалгардони  фонд.