Китобномаи шарҳиҳолии устод Муъмин Қаноат дар Китобхонаи миллӣ рӯнамоӣ шуд
Баъд аз зуҳри имрӯз, 19-уми июл бо ширкати гарми зумрае аз донишмандон, адибон, намояндагони ВАО дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии китоби “Муъмин Қаноат. Китобномаи шарҳиҳолӣ” баргузор гардид. Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Муъмин Қаноат аз ҷумлаи шоиронест, ки осораш миёни ҳаводорони шеъру адаб маъруфияти зиёд дорад. Пири суханварони муосири тоҷик дар 86 соли умр осори гаронбаҳое барои имрӯзиёну ояндагон мерос гузошт.
Нишастро Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Ҷумахон Файзализода ифтитоҳ намуд ва дар бораи ҷойгоҳи Шоири халқии Тоҷикистон дар адабиёти тоҷик ва мақоми ӯ дар адабиёти Шӯравӣ ва ҷаҳон ибрози назар намуд.
Дар маросими рӯнамоӣ Муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, Шоири халқии Тоҷикистон Раҳмат Назрӣ, шоир Шоди Азимӣ ва аспиранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Назриддин Солеҳов ширкат ва суханронӣ намуданд.
Гуфтанист, ки китобномаи шарҳиҳолии Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат бо талоши кормандони шуъбаи библиографияи миллӣ омода шуда, дар таҳия ва такмилу пурра намудани осори библиографии шоири маъруф Наргис Валиева, Ҳусния Назарова саҳм гирифтанд. Пажўҳишгарони библиографӣ ва ҷамъоварандагони мавод Дилороҳ Сайдамирова, Бибикубрия Қурбонова, Фирӯза Восиева ва муҳаррир Ш. Комилзода мебошад.
Китобнома зери назари доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода омода ва дар нашриёти «Меҳроҷ Граф» бо теъдоди 100 нусха дар ҳаҷми 220 саҳифа рӯи чоп омадааст.
Китобнома бо мақолаи Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода “Ҷашни шоири нафосат ва шаҳомат” оғоз шуда, аз се қисм ва 13 зерқисм иборат аст.
Дар қисми якуми он аввал дар шакли нашри алоҳида осори шоир дар китобу маҷмўаҳо бо тартиби замони нашр ва сипас дар нашрҳои даврӣ, ғайридаврӣ ва давомдор гурўҳбандӣ шудаанд. Ҳамзамон дар ин қисм мусоҳибаву вохўриҳо, маърўзаву суханрониҳои Муъмин Қаноат ворид шудаанд.
Қисми дуюми китобнома адабиёти марбут ба ҳаёту фаъолияти эҷодии ўро дар бар мегирад.
Дар қисми сеюми китобнома кумакфеҳристҳои алифбоии асарҳо ва ашхос пешниҳод шудаанд, ки онҳо асосан кори пажўҳандагонро осон намуда, ҷихати дарёфти осори зарурӣ кумак мерасонанд.
Номгўйи ҳамаи асарҳо ба забони асл ва тибқи меъёрҳои стандартӣ оварда шудаанд. Мундариҷаи асарҳои калонҳаҷм ба таври мухтасар шарҳ дода шуда ва асарҳое, ки тавассути сарлавҳаҳо дарки мазмуни нашрашон душвор аст, бо тавсифҳои маълумотӣ комил гардонида шудаанд.
Номгўйи ҳамаи асарҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ оварда шудаанд.
Наргис Валиева.