«Китобу-л-Ақолими-с-сабъ»-и Ибни Саробшон

«Китобу-л-Ақолими-с-сабъ» (Иқлимҳои ҳафтгона) «ал-Ақолиму-с-сабъ», асари ҷуғрофиёдони нимаи авали асри 10 Ибни Саробшон. Байни солҳои 902-962 ба забони арабӣ дар пайравии китоби «Сурату-л-арз»-и ситорашинос ва ҷуғрофиёдони асри IX Муҳаммад ибни Хоразмӣ навишта шудааст.

Бо вуҷуди бархе ихтилофот бо «Сурату-л-арз»-и Хоразмӣ, идомаи мантиқии ин асар маҳсуб мешавад. Муаллиф дар имлои ин асар маъхазҳои юнонӣ, арабӣ ва форсӣ истифода бурда, доир ба тартиб додани харитаҳои мураббаи ҷуғрофиёӣ, номи шаҳрҳо ва ба 7 иклим ҷудо шудани онҳо, баҳрҳо, дарёҳо, ҷазираҳо, силсилаи кўлҳо ва сарчашмаҳои об маълумот додааст.

«Китобу-л-Ақолими-с-сабъ» аз ҳафт боб иборат буда, ҳар боби он як иқлимро дар бар гирифтааст ва иқлимҳо дар навбати худ аз фаслҳо (баҳрҳо, дарёҳо, кўҳҳо, шаҳрҳо ва ғайра) иборатанд. Муаллиф перомуни ҷуғрофиё, таърих, мардумшиносии шаҳрҳою мамлакатҳои Байнаннаҳрайн, резишгоҳи дарёи Нил, ҳаёт урфу одати қабилаҳо ва халқҳои мамлакатҳои Шарқи Наздик ва Миёна маълумоти муфасал додааст. Нусхае аз «Китобу-л-Ақолими-с-сабъ», ки соли 1309 таълиф шудааст, дар китобхонаи Британияи Кабир маҳфуз аст.

Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 183.

Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ