Донишманди маъруф Комилзода Давлатҷон Қаюмӣ
Комилзода Давлатҷон Қаюмӣ 9-уми июни соли 1950 дар ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) таваллуд шудааст. Доктори илмҳои кишоварзӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (2001), академики АИКТ (2015), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011), Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016).
Хатмкардаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон) ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, 1972) ва аспирантураи Академияи кишоварзии ба номи К.А.Тимерязеви ш. Маскав (ғоибона, 1983). Озмоишгари калон, ходими илмӣ, мудири озмоишгоҳ ва сардори шуъбаи парандапарварӣ, муовини директории Институти таҳқиқоти илмии чорводории Тоҷикистон(1972-98), котиби илмӣ, сардори раёсати илмию ташкилӣ, саркотиби илмии АИКТ (1998- 2018).
Аз соли 2018 мушовири президенти АИКТ. Ҳамзамон аз 1997 профессори кафедраи парандапарварӣ ва занбўрпарварии ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур фаъолият дорад. Соли 1985 дар мавзўи «Таъсири тартиби пайвастшудаи хўронидану равшандиҳӣ ба самаранокии парвариш ва нигоҳдории мурғони сертухм дар шароити парандапарварии саноатӣ» рисолаи номзадӣ ва соли 1996 дар мавзўи «Усулҳои сердаромад намудани истеҳсоли тухм дар иқлими гарму хушки Тоҷикистон» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин касест, ки доир ба селексия, технолдогияи хўронидани мурғони сертухм, мурғи марҷон, бедона ва кабк, истифодаи хўрокҳои ғайрианъанавии маҳаллӣ дар ғизои парандаҳо ва беҳтар намудани сифати маҳсулоти онҳо таҳқиқот кардааст.
Асосгузори мактаби илмӣ ва таълимии соҳаи парандапарварӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Бо ташаббуси ў бори аввал дар Институти чорводории АИКТ шуъбаи парандапарварӣ, тахассуси зооинженер – парандапарвар ва дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон кафедраи парандапарварӣ таъсис дода шудаанд. Бо пешниҳод ва иштироки фаъолонаи Комилзода барномаҳои рушди парандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-15 ва 2019-23, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парандапарварӣ» (2010) таҳия ва қабул гардид. Муаллифи зиёда аз 270 корӣ илмӣ, аз ҷумла 16 китобу монография, 28 тавсиянома ва дастурҳои таълимию методӣ, 15 ихтироъ ва пешниҳодҳои беҳсозӣ аст.
Таҳти роҳбарии Комилзода 11 нафар рисолаҳои магистрӣ ва номзадию докторӣ дифоъ карданд. Комилзода аз соли 1985 узви Ассотсиатисияи илмии ҷаҳонӣ оид ба парандапарварӣ буда, дастовардҳои илми тоҷикро дар Исроил, Белгия, Эрон, Русия, Украина, Беларус ва мамлакатҳои Осиёи Марказию Қафқоз муаррифӣ намудааст.
Бо ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1990), Нишони «Олими беҳтарини илми кишоварзӣ» (2012), Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик С. Умаров (2012) сарфароз гардидааст.
Дар Китобхонаи миллӣ аз Давлатҷон Комилзода ин матолибро хонд:
Низоми илмии пешбурди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон. – Душанбе, 2009.
Низоми илмии пешбурди соҳаи чорводорӣ. – Душанбе, 2019.
Парандапарварӣ (китоби дарсӣ). – Душанбе, 2020.
Рушди илмҳои кишоварзӣ, – Душанбе, 2020.
Производство яиц и мяса птицы на индустральной основе. – Душанбе, 1986.
Интенсификатция производства продуктов птицеводство в условиях Тоджикистана. – Душанбе, 1990.
Использование нетрадиционых кормов Таджикистана в рационе яичных курицы. – Душанбе, 2017.
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 395.
Таҳияи Зафар Ғолибов,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ