Комилаи Деҳлавӣ-шоирбонуи мулки Ҳинд

Комилаи Деҳлавӣ, Комилабегим, шоири форсизабони Ҳиндустон (асри 16). Аз хонадони аҳли савод буда, дар замони ҳукмронии Акбар, дар доираи адабии Деҳлӣ ба камол расидааст. Дар маъхазҳои адабӣ  чун шахси бомаърифат, дўстдори илму фазл, шоири закитабъ ва фасеҳбаён ёдовар шудааст.

Файзии Даканӣ чаҳор моҳ пеш аз фавташ рубоии зерро гуфта буд:

Дидӣ, ки фалак чу зуҳра найранге кард,

Мурҷи дилам аз қафас шабоҳанге кард.

Он сина, ки оламе дар ў меғунҷад,

То ними даме бароварам, тангӣ кард.

 

Комилаи Деҳлавӣ рубоие дорад, ки он ҳам ҷавоб ба ин рубоӣ ва ҳам дар марсияи Файзии Даканӣ мебошад:

Файзӣ, ту махўр ғам, ки дилат тангӣ кард,

Ё пойи умеди умри ту лангӣ кард.

Мехост, ки мурғи рўҳ бинад рухи дўст,

З-ин восита аз қафас шабоҳангӣ кард.

Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 395.

Муаллиф. М. Диловаров

Таҳияи Моҳрухсор Сархатова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.