Комили Ҳисорӣ-шоире, ки дар Файзобод ба дунё омада, дар Бухоро тарки олам кардааст

Мулло Муҳаммад соли 1831 дар Файзободи Тоҷикистон ба дунё омада, соли 1915 дар шаҳри Бухоро аз олам рафтааст.  Шоири тоҷик.

Дар 12-солагӣ ба Хуҷанд рафта, таҳсилоти ибтидоиро ҳамон ҷо гирифтааст. Сипас  дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил кардааст. Ҳангоми ҳокими Кармина будани амир Абдулаҳад ба хидмати ӯ қабул шуд. Дар васфи Абдулаҳад ғазалҳову қасидаҳо менавишт, дар дарбор обрӯ ва эътибор доштааст. Муддате қозӣ таъйин гардида буд.

Дар бораи Комили Ҳисорӣ дар баёзе, ки писараш Муҳаммадҳасан тартиб дода буд, 56 ғазал, 7 мухаммас, 3 қасида, 2 наът, як рубоӣ сабт шудааст. Ба ғайр аз ин девони Комили Ҳисорӣ то замони мо расидааст, ки дар захираи дастхатҳои АИ Ҷумҳурии  Ӯзбекистон (зери рақами 5329) маҳфуз аст.

Мавзуи асосии ашъори Комили Ҳисорӣ ба ғайр аз ғазалу қасидаҳои мадҳӣ дар васфи Абдулаҳад, ишқ, рафтори нек ва хушиҳои  зиндагӣ мебошад.

Абёти зер намунае аз ашъори ӯст:

Сад шукр, ки дай рафту баромад гули саҳро,

Айёми баҳорон шуду ҳангоми тамошо.

В-аз сабза бишуд боғи ҷаҳон тозаву рангин,

Хуррам зи насими саҳарӣ домани саҳро.

Бикшода пайи ханда кунун ғунча лаби хеш,

Дар ҳар чамане нолакунон булбули шайдо.

Сад ҳайф, ки як тозагуле нест ба олам,

Ҷӯяд дили ғамдидаи ошиқ ба мудоро.

Ҳангоми нишот аст кунун, мавсимӣ шодӣ,

Ку ёри паричеҳратани шоҳиди раъно?

Омад ба барам  лаҳзае бо нозу карашма,

Нагрифт зи рух як даме он зулфи сумансо.

Бар захми дили хастаи афгори ман имрӯз,

К-аз лаъли лабаш бӯса диҳад баҳри мудово…

Мулло Муҳаммад соли 1915 дар Бухоро вафот кардааст.

Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ. 10. – С. 396.

Таҳияи Қурбонбиби Уракова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.