“Конститутсия- санади тақдирсози миллат”- мизи гирд дар Китобхонаи миллӣ

мизи гирд дар Китобхонаи миллӣИмрӯз, 3 уми ноябр бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвониКонститутсиясанади тақдирсози миллат баргузор гардид. Дар чорабинӣ меҳмонон аз муассисаҳои омӯзишиву вазорату идораҳои кишвар ширкат карда, вобаста ба аҳамияти ин санади муҳим ва воқеан тақдирсоз андешаронӣ намуданд.

Ҷалолуддин Нурзода муовини директори Китобхонаи миллӣ чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз нақш ва мақоми ин санади муҳими тақдирсоз дар ҳаёти ҳар яки мо ҳарф зад. Номбурда қайд намуд, ки яке аз афзалиятҳои асосии  ин санад таҳияи боби алоҳида оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон аст ва бори аввал мафҳуми инсон дар чаҳорчӯбаи қонуни асосии давлат баррасӣ ва эътироф гардид мебошад, ки  мутобиқи конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд ва давлат ба ин кафолат медиҳад.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар ҷомеаи суннатӣ, ки асрҳо бо анъаноти вижа шакл гирифтааст, таъмини низоми одилона ва устувор дар пояи меъёрҳои ҳуқуқӣ татбиқ мешаванд. Чунин низомро маҳз Конистутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми як санади асосӣ бо шинохт ва риояи меъёрҳои байналмилалӣ рисолати воқеии худ қарор додааст.

Давлатшоҳ МаҳмудовДавлатшоҳ Маҳмудов – омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  дар суханронии худ аз ҷумла таъкид намуд, ки аз марҳилаҳои  қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва комисияҳои Конститутсионӣ ки дар замони бисёр  мушкили таърихӣ аз соли 1991 дар таърихи давлатдории миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нав эҳё гардида, Тоҷикистон давлати мустақил эълон гардид ва дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосир пеш гузошта шуд.

Шоиста Исматзода дар робита ба  мақоми зан дар назди ҷомеа, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр  муфассал  баён шудааст, изҳори назар намуд. Вай гуфт, ки баробарҳуқуқии зану мардро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст. Моддаи 17 ғайр аз кафолати умумии баробарҳуқуқӣ новобаста ба ҷинс, баробарҳуқуқии мардон ва занонро махсус эълон намудааст. Ин меъёр дар қонунҳои конститутсионӣ, ҷорӣ ва санадҳои зерқонунӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Бояд қайд кард, ки кафолати умумии баробарҳуқуқӣ новобаста ба ҷинс дар конститутсияи бисёр мамлакатҳо пешбинӣ шудааст.

мизи гирд дар Китобхонаи миллӣ Мақсад аз қабули ин санадҳо, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, нақши ӯ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону духтарон мебошад. Дар натиҷа солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои гуногуни ҳокимияти Мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлатию ҷамъиятӣ торафт афзоиш ёфта, онҳо дар рушду пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми худро мегузоранд. Дар суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 ноябри соли 2013 махсус қайд карда шудааст, ки “Боло бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони болаёқат, инчунин дастгирии ташаббусҳои занону бонувон дар самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва ғамхорӣ нисбат ба оила ҳадафи дигари давлати мо мебошад”.

Дар қисмати дигари чорабинӣ Сурайё Одинаева – сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ дар мавриди сохтори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшҳои муҳими он, ки барои фаъолияти ҳамарӯзаи мо муҳим ва саривақтӣ мебошанд, сухан кард. Ӯ аз ҷумла моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дод. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад.Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

МО, ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН,

қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста,

таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда,

озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда,

баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда,

бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода,

ҲАМИН КОНСТИТУТСИЯРО ҚАБУЛ ВА ЭЪЛОН МЕНАМОЕМ.

Сайфиддин КамолзодаДар ҷамъбасти чорабини Сайфиддин Камолзода – муовини навтаъини директори Китобхонаи миллӣ вобаста ба ин ҷашни бузург  29-уми солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро шодбош намуда, барои кор ва пешрафташон мувафақиятҳо таманно намуд.

Чорабинӣ бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расид.

Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа