Лаҳзаҳои таърих. Киаксар ва парешонии империяи Ошуру бунёди давлати бузурги Мод

КиаксарКиаксар (Форсии қадим Хуввахаштра, фавт 585 то милод, Экбатана), подшоҳи бузурги давлати Мод (ҳукмронӣ 624-585 то милод) писари Фраорт (Фравартиш) ва набераи Дейок. Баъди фавти падараш (625 то милод) ба тахт нишаста, муддате таҳти васояти ошуриҳо қарор дошт.

Ў дар низоми давлатдорӣ аз таҷрибаи ошуриҳо истифода бурда, ислоҳоти ҳарбӣ гузаронд: ба ҷои лашкари қабилавӣ сипоҳиёнро дар сипоҳи нав аз рўи силоҳ ба ҷабҳаҳои найзадорон, камонварон, шамшерзанон ва савораҳо тақсим кард; сипоҳиёни савора аспҳои тезтаки ҷангӣ доштанд ва бо ҳамлаҳои ногаҳонӣ ба душман зарбаи ҳалокатовар мезаданд.

Дар аҳди ў Экбатана (Ҳамадон) обод гардида, дар шаҳр бозор, растаҳои тиҷоративу дуконҳо пайдо шуданд; ҳунармандӣ ривоҷ ёфт. Киаксар сиккаҳои навро ба муомилот баровард, ки дар ин замина робитаи тиҷоратӣ бо давлатҳои Аршон, Парсумаш, Лидия, Каппадокия, Бохтар ва Суғд вусъат ёфт.

Киаксар дар давраи ошўбу нооромиҳои давлати Ошўр (620-615 то милод) қаламрави Парфия, Гиркания (Гургон), Арманистон ва қисман Урартуро ишғол кард. Ба қавли Ҳеродот, Киаксар соли 614 то милод ба Ошур лашкар кашид, пойтахти нахустини он-шаҳри Ашшурро забт кард ва онро оташ зад. Сипас дар шаҳри харобшудаи Ашшур бо шоҳи Бобил-Набопаласар муоҳидаи сулҳ баст ва лашкари муттаҳидаи онҳо баъди забти пойтахти Ошур-Неневия (Найнаво; 612 то милод) ба мавҷудияти давлати Ошур хотима гузошт.

Дар ин давра ҳудуди шимолии давлати Ошур ба қаламрави Мод ҳамроҳ шуда, давлат ба империя табдил ёфт. Сипас Киаксар ҳудуди давлатии Элом ва Урартуро забт карда, соли 590 то милод ба Осиёи Хурд лашкар кашид.

Ҷанги Киаксар бар зидди давлати Лидия солҳои 590-585 то милод идома ёфта, баъди муҳорибаи шадиди соли 585 то милод байни ҷонибҳо муоҳидаи сулҳ ба имзо расид. Ҳангоми муоҳидаи сулҳ бо Набопаласар (612 то милод) Киаксар духтараш Амитидаро ба писараи ў Навуходоносор ба занӣ дод. Зимни муоҳидаи сулҳ бо Лидия (585 то милод) духтари шоҳ Аллиатро барои писараш Астиаг хостгорӣ карда, бо робитаҳои хешутаборӣ муносибатҳои худро бо иттифоқчиёнаш устувор намуд.

Баъди фавти Киаксар писараш Астиаг ба сари қудрат омад ва давлати Мод таназзул ёфт.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 72.

Муаллиф: А. Абдураҳмон.
Таҳияи Моҳрухсор Сархатова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.