Ҳунарҳои мардумӣ. Муҳрабофӣ
Муҳрабофӣ як навъи ҳунари мардумӣ буда, ба сохтани маҳсулоти ороишӣ ва муҳрагӣ марбут аст. Маснуоти муҳрабофиро, асосан аз муҳраҳои гуногуни ранга ва риштаву торҳои пластикӣ ва симҳои махсус омода мекунанд. Равиши тайёр намудани маҳсулоти муҳрабофӣ чунин аст: ба миқдори даркорӣ муҳра гирифта, тавассути сӯзан муҳраҳоро ба ришта мегузаронанд. Ҳангоми гузаронидани муҳраҳо хар як ҳунарманд мувофиқи завқи худ нақшу нигори гуногун меофарад. Тарзи пайванд кардани риштаҳо ва шакл додани маснуот низ мухталиф мебошад.
Аз муҳра бештар гарданбанд (хафабанд), дастпона, гӯшвор, пешовез, ҳамели гардан ва ғайра омода мекунанд. Гарданбандро баъзан то миён мебофанд. Гарданбанди дарозро танҳо аз рӯи фармоиши мизоҷон таҳия мекунанд. Дар баъзе ноҳияҳои кишвар бо вуҷуди мушкил ва заҳматталаб будан гарданбандро кӯтоҳтар мебофанд ва харидорони ин навъи гарданбанд нисбатан зиёдтар аст.
Нақшҳои дар муҳрабофӣ инъикосшуда аз як тараф одӣ тобанд ҳам, аз тарафи дигар хело печидаву мураккаб мебошанд. Ҳар як нақши тасвиршуда мазмун ва ё рамзеро ифода карда, нозукии санъати муҳрабофиро дар худ таҷассум менамояд. Нақшҳои маъмулии муҳрабофӣ тасвирҳои гулу баргҳо, хатҳои мавҷнок, чоркунҷаву ромб, тӯморак ва чанде дигар мебошанд.
Ҳунари мухрабофӣ бештар дар деҳоту навоҳии Бадахшон маъмул буда, духтарон анвои маснуоти муҳрагинро дар тўйи арўсиву ҷашнҳои миллӣ ва дигар чорабиниҳо васеъ истифода мебаранд. Дар ин минтиқа дар хонаводаҳо духтарону наврасон аз овони хурдсолӣ ба бофтани навъҳои гуногуни маҳсулоти муҳрагӣ шавқу рағбат доранд.
Дар замони муосир талабот ба ин намуди ҳунар афзудааст. Зеро занону духтарон ва махсусан арӯсон, ба ҳамелҳои муҳраву гарданбанд, пешовез ва дигар ашёи муҳрабофӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд. Дар солҳои охир ҳунари муҳрабофӣ низ мавқеи васеъ кардааст. Аллакай шаклу намудҳои гуногуни он эҷод шуда истодаанд. Аз ҷониби дигар маҳсулоти муҳрабофонро сайёҳону меҳмонон ҳамчун армуғон харидорӣ карда, ба хориҷи кишвар мебаранд, ки ин омил низ ба рушди ҳунари муҳрабофӣ мусоидат менамояд.
Агар Шумо мехоҳед бисёртар дар бораи ҳунарҳои мардумӣ маълумот гиред Шумо метавонед аз шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар аз китоби Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон истифода намоед.
Аз китоби “Мероси фарҳанги ғайримоддӣ”,
таҳияи Ганҷина Имомназарова, корманди шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.
Ин китоб соли 2007 чоп шудааст ва хоҳишмандон метавонанд онро дар шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.