Латофат Кенҷаева: Агар занҳо китобхон набошанд…

 

 Дар бораи  Латофат Кенҷаева навиштану гуфтан бароям осон набуд. Вақте ба нияти мусоҳиба наздаш мерафтам, пеши назарам шахсияте намудор буд, ки тӯли умр коре ҷуз хидмат ба китоб накардааст. Дар замоне, ки ҷанг ва тангии шароит мардумро аз китобу китобхонӣ фарсахҳо дур андохта буд, вай бо тими худ 450 номгӯй китобро ба теъдоди 1 миллиону 920 ҳазор бо 9 забони олам чоп кард. Маҷаллаи “Машъал”-ро, ки замоне аз пурхонандатарин нашрияҳо буду аз чоп монда, дубора эҳё намуд. Ва ҳамаи китобҳояш барои бачаҳо буд. Тасмим гирифтам атрофи ҳамин масъалаҳо бо ӯ ҳамсуҳбат мешавам.

– Шумо зиёд миёни мардумед, илова ба он ки адиби шинохтаед, боз ношири маъруф ҳам ҳастед. Дар мулоқотҳоятон ҳоло ҳам аз Муқаддас Набиева суол мекунанд?

–  Бале. Аз рўзгори ў пурсон мешаванд. Мардум то ҳол китоби “Шарораи хотираҳо”-ро ҷустуҷў мекунанд. Масалан, аз ноҳияи Панҷакент ва вилояти Суғд омада буданд. Дар Ўзбекистон теъдоди зиёди ин китоб паҳн шуда буд. Он ҷо маро тавассути китоби «Шарораи хотираҳо» мешиносанд. Ҳарчанд наслҳо иваз шуданд, имрўз наслҳои ҷавон ҳам маро медонанд, ҳанўз ин китобро мехонанд ва аз даст ба даст мегардад. Шўҳрати мардумӣ будани ҳунарманд ҳам дар ҳамин аст, ки номи ў аз насл ба насл гузарад. Сурудҳояшро то имрўз мехонанд ва дўсташ медоранд.

– Муқаддас умри зиёд надид ва тасаввур кунед насле, ки замони дар ҳаёт будани сароянда ўро мухлисӣ мекард, ҳоло ба синни пирӣ расид. Вале маъруфияти ў коста намешавад. Ба андешаи Шумо чӣ бештар ўро зинда медорад?

Сурудҳояш, сабки нотакрораш ва табиӣ буданаш. Зеро то имрўз оҳангҳои ўро касе мисли ў хонда натавонист.

ХОТИРАҲО АЗ МУҚАДДАС

  • “Шарораи хотираҳо” чӣ гуна тавлид шуд?

– “Шарораи хотираҳо” пас аз интишори мақолае дар «Адабиёт ва санъат», эҷод шуд. Пас аз чопи он мақола мактубҳои зиёд гирифтам. Он вақт сардабири маҷаллаи собиқ«Машъал» ҳоло «Истиқбол» будам. Қарор додам дар бораи Муқаддас, ки мо ҳамроҳ дар як хона зиндагӣ кардему ҳамсол будем, нависам. Ҳамин тавр “Шарораи хотираҳо”соли 1990 бо теъдоди 25 000 нусха аз чоп баромад ва пас аз ба фурўш рафтани он, дубора бо ҳамин теъдод нашр шуд. Он замон китобҳои нависандагони маъруфи мо даҳ –понздаҳ ҳазор нусха чоп мешуд.

Дар робита ба китоби «Шарораи хотираҳо» ҳодисае ба ёдам омад. Замони ҷанги шаҳрвандӣ буд. Зиндагии мардум ба сахтӣ мегузашт.  Ҷавоне аз ҳоҳияи Фархор ба майдафурўшӣ машғул буд. Аз ман хоҳиш намуд барояш китоб диҳам, фурўхта  пулашро бармегардонад. Аз роҳбари вақти нашриёти «Адиб» Кароматуллоҳ  Мирзоев 2000 нусха китоби «Шарораи хотираҳо» -ро ба ҷавон додам. Ўро дар роҳ ба сўи ноҳияашон силоҳбадастон ғорат намуда, КАМАЗ-ашро оташ заданд. Баробари молҳои дигараш китобҳои мо низ сўхт. Ҷавон худашро аз мошин партофту зинда монд. Як рўз бо  сару гардани докапеч омад ва гуфт Русия рафта кор мекунаму маблағҳоятонро бармегардонам.

– Баргардонд?

– Не, умуман наомад. Гумон мекунам шояд зинда ҳам намонда бошад он бечора. Вазъияташ бад буд.

 – Чуноне ишора кардед, Шумо бо овозхони маъруфу дўстдошта Муқаддас Набиева ҳамхона ва дўсту қарин будед. Баъзе ҳарфҳоро вақти нигоштани китоб гуфта намешуд. Бо гузашти солҳо нафароне, ки аз онҳо ном бурдед, дар қайди ҳаёт нестанд, мешавад баъзе розҳоро фош кард. Ният надоред онро бо такмилу иловаҳо нашр кунед?

Китоб бо такмилу иловаҳо ва таҳрири ҷиддӣ омода аст. Номаш гузоштам: «Ёд шарора мезанад». Китоб бо ҷумлае анҷом меёбад, ки “Ту бо ҳамон сини 29 солагӣ ҷавон мондиву имрўз ман ба синни 70 расидам. Агар ту ҳам зинда мебудӣ, ба синни 70 мерасидӣ, ба мўҳои сафеди ман нигариста мегуфтӣ, ки инак мо ҳам ба як соле расидем, ҳарду мўй сафед кардем, яъне мўйсафед шудем. Шухӣ мекардем, ки Худо моро ба синни пирӣ расонад, он вақт ҳам ман суруд мехонаму ту менависӣ”. Аммо мутаасифона, барои нашри он маблағ пайдо нашуд. Собиқвазири фарҳанг Бобохон Маҳмадович гуфт дар нашраш мусоидат мекунам. Хабаре нест.

  • Чаро худатон чоп намекунед?

– Шароити молӣ надорам. Зеро бисёр ноҳияҳо аз мо қарздоранд. Китоб гирифтанду маблағашро барнагардонданд. 70-солагии Ҳунарпешаи Шоистаи Ҷумҳурӣ Муқаддас Набиеваро ҷашн гирифтанӣ будем. Бемории ҳамагир оғоз шуду, нақшаҳоямонро мавқуф гузошт.

– Хеле аз суҳбатҳои Шуморо дар нашрияҳо мутолиа кардам. Бештар аз кору эҷодатон пурсидаанд. Ман ҳам дар бораи хонаводаатон камтар медонам. Дар ин бора суҳбат кунед. Кистанд аъзои хонаводаи Шумо ва чикораанд?

– 4 фарзанд дорам, 3 духтару як писар. Духтарам Манижа, ки дар омўзишгоҳи рассомӣ мехонд, соли охири таҳсилаш буд, дар маркази воқеаҳои ҷанги шаҳрвандӣ монд. Қариб буд лату кўбаш кунанд. Ҷавонҳо ба тарғибу ташвиқи муллоҳо ва ба қавли худашон ба куштани “кофирон” сар карда буданд. Ба онҳое, ки бо сари луч мегаштанд, хуҷум меоварданд. Хоҳарам Манижаро ба писараш арўс кард ва ҳоло аз духтарам 4 набера дорам. Дар мактаби ноҳияи Деваштич аз фанни нақшакашӣ, дизайн, рассомӣ дарс медиҳад. Муваффақ асту шогирдони хуб дорад.

 Ганҷина дар омўзишгоҳи мусиқӣ мехонд. Аз сабаби ҷангҳои шаҳрвандӣ маҷбур шуд як сол ба дарс наравад. Омўзишаш нотамом монд.Ў  пас аз хатми донишгоҳ, кор наёфт ва зебопараст, ки буд, кошонаи зебоӣ боз кард.

Духтари хурдиям Матина дар ансамбли кўдаконаи “Зебо” мерақсид, хеле раксҳои зебо мекард. Мутаасифона, аз сабаби ҷанги хонумонсўз ансамбл пароканда  шуд. Ў пас аз хатми Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба олими мардумшиноси амрикоӣ Бринтон Аҳлин ба шавҳар баромад ва ҳоло ҳамроҳи ҳамсару писараш дар Амрико ба сар мебарад.

Писарам Донишгоҳи омўзгориро бо ихтисоси забони англисӣ хатм намуд ва дар нашриёти “Истиқбол” дизайнер аст. Ба рассомиву дизайнерӣ, ки шавқдошт, ба кор пардохт ва дар натиҷаи зиёд омўхтану кор кардан имрўз яке аз тарроҳону дизайнерони шинохта аст. Зеро зиёда аз 450 номгўи китобе, ки нашр кардем, 300 тояшро ў тарроҳӣ кардааст. Корҳои ў беҳтарин аст, чун ҳамасола китобҳои мо ба гирифтани унвони “Китоби сол” мушарраф мегарданд. Зеро мо бо меъёрҳои байналмиллалӣ барои кўдакон ва ҷавонони то сини 18 сола мувофиқи синну солашон китоб чоп мекунем.

– Мехостам аз шавҳари шодравонатон пурсам. Чӣ касе буд: дар оила, дар зиндагӣ…?

– Табиб буд, олами дигар дошт. Касби ман барояш ҷолиб набуд. Ҳамкасбро ҳамкасб мефаҳмад.

– Дар муваффақиятҳои Шумо чун шоиру нависандаву ношир саҳми ў то куҷо муассир аст?

– Саҳм надорад. Кори табибонро медонед- ку ҳамеша дар хизмати мардуманд. Аз ин рў кори тарбияи фарзанд низ ба зиммаам буд. Фарзандонро боғчаву мактаб ва деҳа назди бобову бибияшон мебурд. Хайр, дар тарбияи фарзандон ҳисса дошт. 2 сол пеш аз дунё гузашт.

– Медонам, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба Шумо ҳам осеби зиёд расонд…

– Солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ мо бисёр азоб кашидем. Дар кўчаҳо беибо одам мекуштанд. Силоҳбадастон роҳи оҳанро тарконданд, ағбаро ҳам гирифтанд. Ҳама ба ҷойҳои бехатар гурехта рафтанд, дар бинои 9-ошёна бо кўдакон танҳо мондем, маҷбур шудем барои як бурда нон чизҳои ҳавлиямонро дар пеши хона бароварда фурўшем. Он ҷо ҳам як ҳодисаи пурдаҳшат шуд. Вақте як ҷавон мегурехту яроқбадасте ўро сур мекард, силоҳбадаст пеши мо омад, ки ў куҷо рафт? Таппончаро дар пешонии писарам гузошту гуфт агар нагўӣ, ҳозир писаратро мепарронам. Аз тарс ҷойи рафтаи ўро нишон додам. Ин гуна воқеаҳо дар зиндагиям зиёд буданд. Онҳоро дар китобам “366  рўзи гуфтугў бо Худо” овардаам.

– Чӣ гуна ба Шумо муяссар шуд, ки солҳои душвору бесарусомонӣ ҳам “Машъал”-ро мунташир созед?

– Солҳои душвору пурмашаққат новобаста аз монеаҳо “Машъал”-ро , чоп мекардем. Кормандон ду сол бемаош кор карданд.Чунки барои кўдакон фазо холӣ буд, на рўзномаҳо чоп мешуд, на маҷаллаҳо. Собиқ вазири фарҳанг Бобоҷон Маҳмадов маҷалларо сарпарастӣ намуд ва аз соли 1994 “Истиқбол” ном гирифт. Баъдан дар назди ин маҷалла ташкилоти ҳамномашро таъсис додам. Дар аввал созмони ғайриҳукуматӣ буду аз соли 2008 созмони ҷамъиятии байналмиллалӣ ном гирифт. Имсол он 25 сола мешавад.

ЯК  МИЛЛИОНУ 920 ҲАЗОР КИТОБ, КИ БА 9 ЗАБОНИ ДУНЁ НАШР ШУДААСТ

– Бори аввал кай ба нашри китоб даст задед?

– Соли 1998. Аввалин бор аз як дўсти муваффақам 600 доллар қарз гирифтам ва китоби Гулчеҳра Сулаймониро барои кўдакон ба нашр расондем. Вақте 70 солагии устод Гулчеҳра Сулаймонӣ баргузор гардид, 200 дона китобашро ба ў туҳфа кардем. Ашк дар чашмон сухане гуфта натавонист, ҳамин қадар гуфт, ки дар умрам ин қадар туҳфаи қиматбаҳоро умед надоштам. Он вақт барои кўдакон касе китоб чоп намекард.

Дигар мо бо ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ кардем ва ин имкон дод чандин китобҳоро чоп кунем. Фарзанди шоистаи Ҳабибулло Файзуллоев- Беҳзод Файзуллоев, раиси ширкати Вавилон-мобайл ва мисли ў чавонмардон пайдо шуданд, дар нашри китобҳои кўдакон кўмаки молӣ карданд. Аз Беҳзод сипосгузорам, ки ду китобро бо теъдоди 20 ҳазор нусхаӣ чоп кард.

Дигар касе кўмак накард. Маҷбур шудам хонаи иҷоравие, ки аз 3 утоқиборат аст, дар бонк гузошта, қарз гираму китоб чоп кунам. То имрўз ин хонаам дар ихтиёри бонк аст. 25 сол аст қарз мегираму китоб чоп мекунам.

  • Теъдоди китобҳои нашркардаатон ба чанд мерасад?

– 1 миллиону 920 ҳазор китоб, ки ба 9 забони дунёст ва аз 450 номгўи китоб барои хурдсолон ва калонсолон иборат аст. Меболам, ки барои кўдакони точик зиёда аз 50 сол хизмат кардам ва барояшоназ эҷоди шоиру нависандагони тоҷик ва адибони дунё, шоҳасарҳоро пешкаш намудам. Барои дастрас шуданашон азиятҳои зиёд кашидем, ки ин ҳам дар китоби ёддоштҳоям омадааст.

– Солҳои кӯдакӣ шароити китобхонӣ доштед?

– Зиндагии сахте доштем. Аз хурдӣ ятим ба воя расидам. Ба корҳои бародар ёрӣ медодам. Аввал бояд кори хонаро мекардам. Агар китоби “Ёддоштҳо”-и Садриддин Айнӣ ва «Субҳи ҷавонии мо»-и Сотим Улуғзодаро хонда бошед, медонед зиндагии ятим чӣ гуна аст. Шабҳо барқнадоштем, дар рушноии чароғи пилтагӣ таги курпа рустӣ аз зани бародарам китоб мехондам. Китобҳои китобхонаи мактабро дар 12-13 солагӣ хонда тамом кардам. Китобҳои китобхонаи ноҳиявиро ҳам тамом кардам. Ба китобхонаи марказӣ, ки барои калонсолон буд, аъзо шудам. Дар натиҷаи мутолиаи пайваста бо матбуоти даврӣ ҳамкориро ба роҳ мондам. Аз синфи 5 дар ҳафтаномаҳо навиштанро сар кардам. Аввал дар рўзномаи ноҳиявӣ менавиштам. Он вақтҳо хабару мақолаҳои маро «Пионери Тоҷикистон» чоп мекард. Ҳамин тавр дар «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») ва маҷаллаи «Машъал» зиёд менавиштам.

НАҚШИ БАРОДАР

– Қиссаи донишҷў шуданатон ҷолиб аст…

– Бародарам нармдилу меҳрубон, аммо ҷиддиву камгап буд. Аз ақидаҳои хурофотпарастии мардум берун намеомад. Бар замм, он солҳо душвор буду бародарам ба тарбияи мо машғул шуда, савод омўхта натавонист, дар хоҷагии колхоз кор мекард, музди меҳнат намедоданд, ба ҷои он ягон чизе медоданд. Медонистам бародарам шароити хонондани маро надорад. Он вақт мо хонаи нав месохтем, таҳхона мекандем. Замини гирифтаамон сангзор буд, барои он, ки бародарам ба хондан иҷозат диҳад, бо тамоми қувва кор мекардам. Дастонам захмдор шуда буданд. Он рўз ба бародарам гуфтам ҳама барои хондан ба Душанбе мераванд, ман ҳам меравам. Ба ман маблағи зиёд даркор нест, 40 сум роҳпулӣ диҳед, дигар ҳеҷ вақт аз Шумо пул намегирам. Он солҳо бо шоири дўстдоштаам Аминҷон Шукуҳӣ мукотиба доштам. Ў дар ҷавоби мактубҳоям доимо мегуфт, ки бояд хонӣ. Агар дар шаҳр ҷои зист наёбӣ, метавонӣ дар хонаи духтарам Онаҷон зиндагӣ кунӣ. Он вақт аз назаргузаронии дастаҳои ҳаваскорон буд, мисли «Парасту»-и имрўз. Дар бахши наттоқии озмуни ноҳиявӣ ғолиб омадам ва соли 1967 падари ҳамсинфам, ки насабаш Муҳаммадиев буду дуторнавози машҳур буд, маро ҳамроҳи духтараш ба Душанбе овард. Бародарам ҳам аз куҷое маблағ ёфту дод ва маро гусел кард. Ҷомадони ман дар дасташ, дидам ашк дар чашмаш ҳалқа зад. Хоҳӣ нахоҳӣ бародар аст.  Ҳамин тавр донишҷў шудам.

– Ба ваъда вафо кардед?

– Бале, ба донишгоҳ дохил шудаму ба ваъдаам вафо кардам. Соли аввали донишҷўӣ идрорпулии имиёзнок, соли дуввум Айнӣ, соли сеюм Ленинӣ, ки 110 рубл буду ба маоши профессори донишгоҳ баробар мегирифтам.

  – Барҳақ мегўянд агар зан дар хонавода босавод бошад, фарзандон босавод ба камол мерасанд. Ба бонувонамон хондани кадом асарҳоро тавсия медиҳед?

 – Асарҳое, ки занону модарон бояд бихонанд, хеле зиёданд. Муҳим ин аст, ки шавқу завқи мутолиа дошта бошанд. Романи “Занони Сабзбаҳор”-и Гулрухсор, повесту романҳои устодон Сорбон ваУрун Кўҳзод, Ҷонибек Акобиров, Юсуф Акобиров, Саттор Турсун ва Фазлиддин Муҳаммадиевро пеш аз ҳама тавсия медиҳам. Дар асарҳои ин суханварони мумтоз зиёд дар бораи занон сухан меравад. Дар ҳикояҳои Баҳманёр рўзгори бонувон хуб тасвир ёфтааст. Инро фаромўш накунед, ки агар занҳо китобхон набошанд, фарзандонашон китобхон намешаванд. Аз аллаи нахустинаш то ба воя расидани фарзанд назорат кунад, ки ў китобхон бошад. Ба ҷуз ин роҳи дигари одам шудани мо нест.

Дар як сўҳбататон гуфтед «Рўзе, ки «Машъал»-ро ба даст мегирифтам, барои мани ятим шодтарин рўз буд». Имрўз маҷаллаву рўзномае ҳаст, ки хонанда бо гирифтанаш эҳсоси хушҳолӣ кунад?

– Аз матбуоти давр огоҳ ҳастам, чун солҳои охир онро камтар мехонам. Ҳар китоби наве, ки чоп мешавад, ҳатман мехонам, чӣ насру чӣ назм.

Дар бораи занҳои муваффақе, ки дар Тоҷикистон шахсиятҳои шинохта ҳастанд, китобҳо навиштаам: «Шарораи хотираҳо», «Дар диёри дўстон», «Наҷотбахши дунё кист?» ва ғайра. Дар бораи Низорамоҳ Зарифова, Саида Нисобобоева, ҳамсари Баҳром Фирўз низ. Роҷеъ ба хонаводаи Ҳабибулло Файзулло «Фариштае ба нури орзу»-ро навиштам. Инҳо дар шиносондани Тоҷикистон хизмат кардаанд.

30 КИТОБИ ИНТИЗОРИ НАШР

–  Дар як мусоҳибаатон гуфтед 60 адад китобро барои нашр омода кардаед, аммо маблағ пайдо нест. Вазъият ҳамон аст?

– 30 тояшро ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардем, то дар арафаи ҷашни Истиқлол нашр шавад ва мисли «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар хонадон ройгон тақсим кунанд. Чун дар ид, аз ҳама бештар кўдакон интизори туҳфа ҳастанд.

– Замоне моҳномаи «Дилсўз»-ро  бо теъдоди 25 000 нусха барои маъюбон нашр мекардед. Тақдири он чӣ шуд?

– Бо гранти як ташкилоти байналмилалӣ барои маъюбон чоп мешуд. Аз ман хоҳиш карданд дабирии ин рўзномаро ба зимма гирам. Аз соли 1998 то 2000 ум ҳар моҳ нашр мешуд. Он як таҳаввуллоти ҷиддӣ ба вуҷуд овард, кору рўзгори маъюбони ҷумҳуриро осон кард. Ҳамин сабаб шуд, ки маъюбон бештар ҳуқуқҳои худро донанду бо ҷомеаи солим равобит дошта бошанд. Мутаассифона, маблаггузорияш қатъ шуд ва иттиҳодияи маъюбон натавонист онро маблағгузорӣ кунад. Имрўз ҷомеаи мо ба ҳамин гуна рўзнома ниёз дорад.

  • Истиқлол ба Шумо чӣ дод?

– Истиқлоли сухан, истиқлоли зебо зиндагӣ кардан, истиқлоли худшиносӣ, эҳсос кардани соҳибватан будан. Имкон дод мо дар арсаи ҷаҳон бигўем, ки тоҷик ҳастем ва тоҷикон бофарҳанг буданд ва баргаштанд, имрўз  бо оину русум ва он анъанањои зебо тоҷиконро дар ҷаҳон мешиносанд.

Мусоҳиб Раҳима Аъзам