Маҳфили “Ҳамешабаҳор” бо ширкати навқаламони толори кӯдакон ва наврасон
Маҳфили «Ҳамешабаҳор»–и шоири шинохта Хайрандеш бо хонандагони фаъоли шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ баргузор гардид.
Дар ин маҳфил суҳбату баҳсу мунозираҳои шавқовар баргузор гардид. Бештари хонандагон иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» буданд, ки бо як маҳорати баланд аз иҷрои ҳамаи шартҳои маҳфил баромаданд.
Дар маҳфил меҳмон Ҷумъа Махшур ва навқаламони узви маҳфил: Ҷамшедов Муҳибулло, Ибодова Санавбар, Худойназарова Фарида, Субҳияи Музафар, Иброҳимҷони Суннатулло ва дигарон оид ба «Рўзи забон», «Истиқлолият»,«Китоб» ва «Ватан» шеърҳои эҷод кардаашонро қироат намуданд.
Фирўза Раҳимова.