Таҷлили Рӯзи забон дар Шуъбаи кӯдакон ва наврасон

Дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», бахшида ба Рўзи забон бо иштироки хонандагони фаъоли шуъба маҳфил баргузор гардид.

Мутухассис оид ба забон, сардори Маркази “Конуни забони тоҷикӣ” ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ Ҳадаралӣ Аюбов маҳфилро ифтитоҳ  намуда, иброз дошт, ки ҳар як давлату миллат забони давлатӣ дорад. Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – забони тоҷикӣ мебошад. Бо ин забон аз устод Абуабдуллоҳ Рўдакӣ сар карда, то замони мо шоирони бузург шеър мегўянд. Ин забон таърихи беш аз чандҳазорсола дорад. Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои ширину равон ба ҳисоб меравад. Барои ҳифз ва рушди забон 5 октябри соли 2009 қонуни нави забон қабул гардид. Бинобар ин сабаб мо тоҷикон ҳамасола дар ин санаи муҳим рўзи забонро ҷашн мегирем.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи забон чунин баён намудаанд: «Забон оинаи пурҷилоест, ки хираду заковат ва фарҳанги моро ба ҷаҳон муаррифӣ мекунад. Маҳз бо забон мо метавонем фикру ақидаи худро баён намоем. Халқи тоҷикро бе забону забондонӣ ва суханварӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст».

Маҳфил аз чор бахш: суолу ҷавоб аз ҷониби хонандагон оид ба таърихи забон, суханони бузургон доир ба забон, қироати шеърҳои шоирон оид ба забон ва  табрику таманниёт ба Рӯзи забон иборат буд.

Фирўза Раҳимова