Маҳфили “Ҳамешабаҳор” дар Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон

Маҳфили навбатии «Ҳамешабаҳор»-и шоири шинохта Хайрандеш шоми гузашта бо ҳузури гарми хонандагон дар саҳни Китобхонаи миллӣ баргузор шуд. Ин маҳфил бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон бо сарпарастии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон доир шуд.

Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон дар ҳошияи маҳфил намоиши китоб ташкил намуд ва дар он як силсила китобҳои тозанашри нашрияти “Адиб” ва китобҳои дигари кӯдаконаро ба намоиш гузошт.

       Маҳфил аз ҳафт равза иборат буд. Ширкаткунандагон дар равзаи «Афрўза» аз китобҳои хондаи худ ҳикмат оварданд,  дар «Афроза» шоҳбайтҳо хонданд, дар «Афшина» зарбулмасал ва мақол гуфтанд.

Равзаи «Афшона» Шаҳдафшонӣ ном дошт ва дар равзаи «Андеша» муаммо гуфтанду чистон, дар «Ангора» байтбарак карданд ва дар «Ангеза» як шоҳбайтро тафсир намуданд.

        Дар маҳфил ансамбли «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар ҳунармандони маъруфи кишвар иштирок намуда, бо сурудҳои дилнишин, табъи тамошобинонро болида гардониданд.

 Ғолибон бо туҳфаҳои хотирмон сарфароз гардонида шуд.

Фирӯза Раҳимова, 

Сармутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон.