Маҳфили навбатии «Суҳбат бо адиб» бо иштироки Фархунда Саъдуллоева

       Бо ташаббуси шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон санаи 8-уми июл маҳфили навбатии «Суҳбат бо адиб» бо иштироки шоири ширинкаломи бачагон, узви Иттифоқи нависандагон ва аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Фархунда Саъдуллоева баргузор гардид.

      Маҳфилро муовини сардори шуъба Шаҳноза Дониярова ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба махзани илму адаб ва кохи дониш хуш омадед гуфт.

     Муовини сардори шуъба иброз намуд, ки хушбахтона имрўзҳо дар миёни шоирону нависандагони мо кам нестанд онҳое, ки чун давомдиҳандагони анъанаҳои гузаштагонамон, барои бачагон шеъру ҳикояҳо менависанд ва ба ин васила дар ғанӣ кардани захираи зеҳнию луѓавии онҳсаҳми босазо мегузоранд.

 Фархунда Саъдуллоева аз зумраи он шоиронест, ки бо каломи ноб ва сеҳри хомаи худ таваҷҷуҳи наврасону кўдаконро ҷалб намуда, онҳоро ба ватандўстӣ, ободонию созандагӣ, меҳри волидон талқин мекунад. Мо аз эҷодиёти ин шоираи ширинкалом мебинем, ки шеърҳои дилчаспу шавқовар эҷод менамоянд. Китобҳои Фархунда Саъдуллоева   «Ману абр», «Гулбофти розҳо», «Оинаи ҳамроз», «Гавҳорабандон» мақбули хонандагони ҷавонанд.

     Сипас хонандагони фаъоли шуъбаи кўдакон ва наврасон аз ашъори Фархунда Саъдуллоева шеърҳо қироат намуда, бо ӯ дар атрофи ҳаёту фаъолияти эҷодӣ ва ашъораш табодули суҳбат карданд.

Ин мулоқот басо хотирмон буд ва гумон мекунед ба ширкаткунандагон як ҷаҳон таассурот бахшид.

Шаҳодатхон Давлатова,

мутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон.