Мақолаи ҳамкори мо дар “Ҷумҳурият”. Шашмақом. Аз санъати миллӣ то ифтихори тоҷик

ШашмакомШашмақом достони муҳташами савту калом, дурдонаи беназир, жанри анъанавии мусиқии мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, таърихи қадима дорад. Шашмақом аз шаш мақом ё оҳанг иборат аст: «Бузрук», «Рост», «Наво», «Дугоҳ», «Сегоҳ», «Ироқ». Он чун ҷузъи асосии мероси фарҳангии мусиқии халқи тоҷик, дар қатори жанрҳои анъанавии роғ ва фалак, мавқеи баланд дорад.

Миллати тоҷик бо фарҳангу санъат ва тамаддуни аз ниёгон меросгирифтаи худ тавонист, ки миёни оламиён шуҳратманд гардад ва бо дастовардҳои фарҳангии хеш дар рушду такомули тамаддуни умумибашарӣ саҳм гузорад.

Бахшҳои қадимии ин жанр то имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳистони Тоҷикистон маҳфузанд. Ҳукумати кишвар бо мақсади ҳалли масъалаҳои фарҳанг қонун ва барномаҳоро қабул намуд, ки барои боло бурдани жанрҳои мусиқӣ, аз ҷумла Шашмақом, заминаи мусоид фароҳам овард. Бо талошу заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду таҳким ёфт ва бисёре аз ҷашну маросимҳо ва ёдгориҳо фарҳангии дерини тоҷикон ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид. Мероси фарҳангии мо, мисли Ҷашни Наврӯз, бофтани адрасу атлас, оши палав, мусиқии Фалак, Шашмақом, ёдгории таърихии Саразми бостон ва ғайра шомили феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шудааст, ки боиси ифтихори мо – тоҷикистониён мебошад.

Бояд гуфт, ки бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба жанри шашмақом мақоми давлатӣ дода шуда, Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов таъсис ёфт ва мақому шуҳрати дубора пайдо кард. Ансамбл ҳамчун аввалин дастаи ҳирфаии мақомсароён дар ҳифз ва рушди анъанаҳои устодонаи мақомсароён нақши босазо гузошт. Дар ин раванд вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дастаҳои ҳунарии шашмақомсароён ташкил доданд. Китоб ва дастуроти зиёд мунташир шуда истодааст, ки дар мактабҳои ҳунарӣ, аз ҷумла дар Консерваторияи миллӣ, мавриди истифодаи донишҷӯён қарор гирифтаанд.

Бояд қайд намуд, ки ҷавонони донишманду бомаърифат ва соҳибкасбу ихтисосманди ин санъати асил дар тамоми чорабиниҳои фарҳангӣ иштирок ва ҳунарнамоӣ намуда, давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва пешрафти ҷомеа, ояндаи миллату давлат мебошанд. Рӯ овардан ба жанрҳои мусиқии миллӣ ва эҳёи онҳо бисёр муҳим ва зарур мебошад. Имрӯз дар Ансамбли давлатии «Шашмақом» аксаран ҷавонон кору фаъолият доранд, ки давомдиҳандаи ин мактаби бузурги санъат ва посдорандаи мусиқии волои миллӣ мебошанд.

Бо шарофати истиқлоли давлатӣ ҳар сол дар кишвари азизамон 12-уми май Рӯзи шашмақом ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат, дар партави фармони Президенти мамлакат дар Китобхонаи миллӣ низ барномаҳои ҷолибу рангин доир мегарданд.

Метавон гуфт, ки Шашмақом дар дар фарҳанги халқи тоҷик ҷойгоҳи махсус дошта, истифодаи он боиси болоравии маънавиёти мардуми тоҷик, бахусус насли ҷавон, мегардад.

Қурбонбӣ САЛИМОВА, 

корманди шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Ин мақола дар рӯзномаи “Ҷумҳурият”, рӯзи 6 майи соли 2024 чоп шудааст.

Асли мақола ин ҷост:  ШАШМАҚОМ. АЗ САНЪАТИ МИЛЛӢ ТО ИФТИХОРИ ТОҶИК