Маҳбуба Азизова: Модарон ҳуқуқу уҳдадориҳояшонро намедонанд!

Модарон ҳуқуқу уҳдадориҳояшонро намедонанд!Вақте, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёна меравам бо хонандагони синфҳои болоӣ суҳбат мекунам, мепурсам як маротиба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» – ро хондаанд, бовар кунед  нахондаанд. Вақте фарзандонамон қонунро намедонанд, уҳдадориҳояшонро намедонанд,  модаре, ки дар хона нишастааст, аз куҷо қонунро хонда таҳлил карда, уҳдадориҳояшро дар назди фарзандон ба ҷо меорад? Шояд баъзеҳо хонда бошанд, сарсарӣ, бедиққат. Вақте як суоли одӣ медиҳем, лол мемонад. Чаро мо бепарво ҳастем? Мо худамон ба ин қонун тавассути раъйпурсӣ овоз додем.

Ин суханонро Маҳбуба Азизова, мушовири раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мизи гирд, ки рӯзи 11-уми ноябр дар Китобхонаи миллӣ дар мавзўи «Қонун ва масъулият» доир гардид, иброз намуд. Ў мақсади ин қонунро аз вартаи камбизоатӣ раҳондани Тоҷикистон номид.

Модарон ҳуқуқу уҳдадориҳояшонро намедонанд!

– Бубинед ягон оиларо камбизоат гуфта наметавонем, гарчанд баъзе оилаҳо худро дар сатҳи камбизоатӣ муаррифӣ мекунанд. Телефонҳои мобилӣ ҳар моҳ чанд пул мехӯрад, пурсид ў аз ҳозирин. Дар як хонадон агар ду кўдак ҳам бошад, аз падару модар сар карда, телефони мобилӣ доранд. Вақте онҳо худашонро камбизоат унвон мекунанд, бовар мекунам, ки Худоро шукр дар сатҳи ҷумҳурӣ оилаҳои ниёзманд нестанд, изҳор дошт ӯ.

Ин мизи гирдро, ки бо иқдоми Шўрои бонувони Китобхонаи миллӣ баргузор гардид, муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолиддин Нурзода оғоз бахшид.

Ў аз нақши оила ва аҳамияти он дар тарбияи фарзанд сухан гуфта, афзуд, ки падару модарон бояд ба таълиму тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ диҳанд. Ҳамчунин ёдовар шуд, ки мақсади ин қонун пурзўр намудани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд аст.

Дар ҷаласа гуфта шуд, ки имрўз муассисаҳои таълимӣ санги маломатро ба сари падару модар ва онҳо ба сари муаллим мезананд. Ва ба ин тартиб ҷомеаи шаҳрвандӣ як тараф мемонад.

Модарон ҳуқуқу уҳдадориҳояшонро намедонанд!

Меҳмонону мутахасиссон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» -ро бахше аз сиёсатҳои хирадмандонаи Пешвои муҳтарами миллат донистанд.

Дар ин ҳамоиш ҳамзамон Фаррухҷон Сафарзода мутахассиси пешбари Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кўдак оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Бурҳониддин Аминов, мутахассиси шуъбаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ намуданд.

Раҳима Бобоева, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.